Афзоиши ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ

Сентябрь 8, 2011 15:28

Душанбе, 8 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- «Дар 13 соли охир даромади буҷети давлатӣ аз 109 миллион сомонии соли 1997 имсол ба 8,3 миллиард сомонӣ мерасад, ки ин рақам нисбат ба соли зикршуда 76 баробар зиёд аст. Бо вуҷуди ин таъкид месозам, ки ҳамаи ин нишондиҳандаҳо моро ҳоло ҳам қонеъ карда наметавонанд», гуфт Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни cуханронии худ дар маҷлиси тантанавӣ, ки имрӯз бахшида ба 20- солагии Истиқлолияти ҶТ дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» баргузор гашт.Дар ҳақиқат Тоҷикистон дар даврони истиқлол ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар ин замина ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бо нархҳои амалкунанда аз соли 1997 то имрӯз 58 баробар зиёд шуда, соли ҷорӣ тақрибан 30 миллиард сомониро ташкил хоҳад дод, ки қариб ба 4000 сомонӣ ба ҳар сари аҳолии кишвар баробар мебошад ва афзоиши миёнаи солонаи он беш аз 7 фоизро ташкил медиҳад,- тазаккур дод Эмомалӣ Раҳмон. Агар ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ ба сари ҳар нафар аҳолии кишвар дар соли 1997 ҳамагӣ 19,8 сомониро ташкил дода бошад, пас он дар соли 2011 1060 сомониро ташкил медиҳад.Бояд гуфт, ки маблағҳои буҷети давлатӣ пеш аз ҳама баҳри рушди ҳамаҷонибаи соҳаҳои иҷтимоӣ, инчунин тадриҷан зиёд кардани андозаи маошу нафақаи аҳолии мамлакат ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар равона мегарданд.Ҳамин тавр, музди миёнаи маоши як коргар дар мамлакат соли ҷорӣ нисбат ба соли 1997-ум 89 баробар зиёд гардида, ҳоло беш аз 440 сомониро ташкил медиҳад ва андозаи миёнаи нафақа 118 баробар афзудааст, ки албатта, ин самараи Истиқлол аст.

Сентябрь 8, 2011 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд