Боз як ҳодисаи интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир

Сентябрь 22, 2011 17:46

Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).-Аз шўъбаи иттилоотии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ки кормандони гумруки фурудгоҳи пойтахти  Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе  боз як  кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаоварро  ошкор ва пешгирӣ намуданд.Бино ба иттилои манбаъ,  кормандони гумруки фурудгоҳи Раёсати минтақавии  гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ҳангоми барасмиятдарорӣ  ва назорати гумрукии  мусофирони хатсайри   рақами 594  самти Душанбе-Иркутск  шаҳрванди    Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғумча Нуроваро  дар интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар тавассути  сарҳади  гумрукии  Ҷумҳурии Тоҷикистон гумонбар дониста, аз парвоз боздошт намуданд.Кормандони гумрук ҳангоми  азназаргузаронии  бағоҷи дастии  Ғ.Нурова  хокаи ба маводи мухаддир монандро  ошкор  ва мусодира намуданд.  Мутобиқи  хулосаи коршиносон  маводи  нашъаовари  дарёфтшуда   навъи героин буда,  вазни  холиси он 889,2   граммро ташкил дод.Аз рўи амали  шаҳрванд  Ғумча Нурова парвандаи ҷиноӣ оғоз  гардида, ҷиҳати баррасӣ ба Прокуратураи нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шудааст.  

Сентябрь 22, 2011 17:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид