«Чоргонаи Душанбе» Изҳороти муштарак қабул намуд
Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар»). – 2 сентябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе мулоқоти чорҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ, Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Анатолевич Медведев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.Сарони давлатҳо дар ҷараёни дӯстона, ки дар вазъияти ҳамкории амалӣ ва ҳамфикрӣ сурат гирифт, масоили муҳими минтақавӣ, самтҳои асосӣ ва дурнамои ҳамкории чорҷонибаро бо дарназардошти ҷиҳатҳои мухталифи онҳо мавриди муҳокима қарор доданд.Президентҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати татбиқи собитқадамонаю самарабахши аҳду паймонеро, ки дар ҷараёни мулоқоташон 30 июли соли 2009 дар шаҳри Душанбе ва 18 августи соли 2010 дар шаҳри Сочи ба даст омада буд, зикр намуда, мулоқоти вазирони корҳои хориҷӣ ва вазирони иқтисоди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили гурӯҳи муштараки тадқиқотиро аз рӯи масъалаҳои рушди ҳамкории иқтисодии минтақавӣ, ҳамчунин мулоқоти сарони идораҳои зидди маводи нашъаовари чор мамлакат маъқул меёбанд. 1. Ба рушду таҳким бахшидани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва равобит дар бахши амният (муборизаи зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои муташаккил) – и чор мамлакат аҳамияти муҳим дода, фаъолиятро дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ ки мақсад аз он мадад ба рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмини амнияти минтақа аст, дастгирӣ менамоянд; 2. Аҳамияти рушду таҳкими ҳамкории чорҷонибаи иқтисодиро, аз ҷумла, дар амри муайян намудани роҳу воситаҳои мадад ба густариши савдои минтақавӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, алоқа ва рушди инфрасохтор хотирнишон месозанд;3. Ба вазоратҳои иқтисод ва идораҳои дигари салоҳиятдори мамлакатҳояшон супориш медиҳанд, ки ҷиҳати тезонидани таҳияи «Харитаи роҳ» — и ҳамкории дарозмуддат ба хотири рушди равобити тиҷоратию иқтисодии миёни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла роҳи ҳавоӣ, мошингард ва роҳи оҳан, таъмини эҳтиёҷоти энергетикии минтақа, навсозии истеҳсолоти фарсуда ва ташкили истеҳсолоти нав, фароҳам овардани муҳити мусоиди сармоягузорӣ ва афзун намудани ҳаҷми савдои мутақобила чораҳои амалӣ бинанд;4. Ҷидду ҷаҳди Ҳукумати Афғонистонро дар амри мусолиҳаи миллӣ дастгирӣ намуда, оғози раванди дар ихтиёри қувваҳои мусаллаҳи Афғонистон гузоштани масъулияти бахши амниятро, ки дар маҷрои «раванди Кобул» сурат мегирад, маъқул ёфта ва ба татбиқи муваффақонаи ин раванд изҳори умедворӣ мекунанд. Мақоми СММ- ро дар саъю кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳон баҳри пойдории суботи Афғонистон ва коҳиш додани қувваҳои байналмилалӣ дастгирӣ менамоянд. Сарони давлатҳо қайд менамоянд, ки фаъолияти оғозёфтаи дар Афғонистон коҳиш додани ҳузури низомиёни хориҷӣ бояд пайваста бо афзун намудани ҷидду ҷаҳди иштирокдорони эътилофи байналмилалӣ бобати тарбия ва мусаллаҳ намудани сохторҳои қудратии Афғонистон, барқароршавии иқтисодиёти солиму устувори мамлакат сурат гирад;5. Ташаббуси Тоҷикистонро бобати 26 – 27 марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе гузаронидани Конфронси панҷуми ҳамкории минтақавӣ ва иқтисодӣ аз рӯи қазияи Афғонистон (RECCA V), форуми аҳли тиҷорат ва доир намудани намоишгоҳҳои тиҷоратӣ, ҳамчунин форуми олимону муҳаққиқон дар доираи ин чорабиниҳо маъқул меёбанд;6. Омодагиро ба расонидани мадад ҷиҳати барқарор намудани равобити фаъолона ва ташкили ташрифоти байни идораҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва идораҳои низомии ҷонибҳо иброз медоранд;7. Ҷалби сармояҳоро ба чунин соҳаҳо, аз қабили энергетика, нақлиёт, алоқа, ба соҳаҳои истихроҷи маъдан, кимиё, озуқа ва соҳаҳои дигари саноат, ҳамчунин ба соҳаи кишоварзӣ тасдиқ намуда ва дастгирӣ карда, зарурати барқарор намудани робитаҳои мустақими миёни аҳли тиҷорати ҷонибҳоро тавсия мекунанд;8. Зикр менамоянд, ки рушду густариши минбаъдаи роҳҳои транзитию пайвасткунандаи нақлиётӣ ва савдои минтақавӣ, вусъати ҷалби сармояҳои хориҷӣ мусоидат намуда ва ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ мадад мекунанд. Бо ин мақсад президентҳо аҳамияти тезонидани раванди роҳандозии лоиҳаҳоро бобати пайваст намудани роҳҳои оҳан ва роҳҳои мошингарди кишварҳои минтақа қайд менамоянд;9. Аҳамияти лоиҳаи ташкили системаи интиқоли нерӯи барқи САSA – 1000 – ро дастгирӣ ва таъкид намуда, изҳор менамоянд, ки омодаанд барои тезонидани татбиқи он ва фароҳам овардани манбаъҳои зарурии молиявӣ барои ин мақсад ҷидду ҷаҳд намоянд;10. Ҷонибҳо шавқу ҳаваси Русияро ба иштирок дар татбиқи лоиҳаи эъмори газопроводи Туркманистон – Афғонистон – Покистон – Ҳиндустон дастгирӣ мекунанд;11. Пуштибонии худро аз ҳамкории амалии мамлакатҳо бо ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ дар боби бунёди иншоотҳои гидроэнергетикӣ иброз дошта ва дар ин бахш ба лоиҳаҳо бобати эъмори манбаҳои таҷдидшавандаи энергия афзалият медиҳанд;12. Аҳамияти ҳамкории мутақобилан муфиди байни мамлакатҳои «чоргона», ҳамчунин миёни созмонҳои дигари минтақавию байналмилалиро дар муборизаи зидди истеҳсол, қочоқ ва истеъмоли маводи нашъаовар қайд намуда, ҳамчунин ҷонибдори ҷилавгирии интиқол ва фурӯши маводи мадҳушкунанда дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошанд;13. Ба манзури барҳам додани терроризм, экстремизм ва ҷинояти наздисарҳадӣ бори дигар изҳор менамоянд, ки ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории фаъолу самарабахши байни идораҳои дахлдор ҳамаҷониба омодаанд. Қобили дархост будани барои ин мақсадҳо истифода шудани механизмҳои дахлдори байналмилалию минтақавӣ, дар навбати аввал СҲШ ва СААД, бештар рӯи кор овардани нерӯи Сохтори зиддитеррористии минтақавии СҲШ – ро зикр менамоянд;14. Аҳамияти рушду таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, варзиш, фарҳанг ва тарбияи мутахассисонро таъкид намуда, ташаббуси Тоҷикистонро бобати ташкили маркази серсоҳаи касбию техникии маърифатӣ дастгирӣ карда ва иброз медоранд, ки ба татбиқи ин лоиҳаи муҳим мадад хоҳанд кард;15. Дар боби рушди ҳамкории мутақобила ва ҳамаҷониба дар доираи созмону ниҳодҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Исломӣ ва Созмони Ҳамкории Шанхай ҳамфикранд;16. Ба ҷониби Покистон барои пешниҳодаш дар мавриди дар Покистон гузаронидани мулоқоти навбатии президентҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ менамоянд. Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай, Президенти Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ва Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Анатолевич Медведев ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои пазироии гарм ва меҳмоннавозии самимона изҳори миннатдорӣ карда ва аҳамияти мулоқоти чорҷонибаи Душанберо қайд менамоянд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст






