Дар Суғд парчами миллӣ барафрохта мешавад
Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар арафаи таҷлили ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд парчами миллӣ бо андозаи 15 x 500 метр барафрохта мешавад. Бо мақсади омода намудани ин парчами миллӣ раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода қарори махсус ба тасвиб расонид.Тибқи қарори мазкур ба Сарраёсати молияи вилоят супориш дода шуд, ки аз ҳисоби маблағҳои бақияи озоди мавҷудбудаи буҷети вилоятӣ ба ҳисоби Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят 35 ҳазор сомонӣ ирсол намояд.Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳамчунин, тибқи қарори дигари раиси вилоят ба 190 нафар собиқадорони меҳнат, шахсони барӯманд, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ ва оилаҳои шаҳидоне, ки дар муҳофизати сохти конститутсионӣ ҳалок гаштаанд дар арафаи таҷлили ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ кӯмаки модии яквақтаина ба маблағи 300 сомонӣ расонида мешавад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






