Дарси сулҳ ва сўҳбати озоду ошкорои Сарвари давлат бо устодону донишҷўён
Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар»).- Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои нави таълимии Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуда, дар саҳни донишгоҳ бо устодону донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дарси сулҳ ва сўҳбати озоду ошкорои тўлонӣ анҷом дод.Дар оғози боздид аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо намунаҳои корҳои эҷодию ихтироотӣ ва навовариҳои техникию технологии устодону донишҷўён аз наздик шинос шуд.Тавре аён гардид, солҳои ахир шумораи донишҷўёни эҷодкору ихтироъкор ва ташаббускори тоҷик хеле зиёд гардидааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ин ҳолат арзи хушнудӣ карда, ба роҳбарияту устодони донишгоҳ ва роҳбарони дигар сохторҳои дахлдори давлату ҳукумат дастур дод, ки барои дастгирӣ намудани навовариҳои ҷавонони соҳибистеъдод ва таъмини робитаи босамари кори онҳо бо истеҳсолот чораҳои судбахш андешида, амалӣ намоянд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, хусусан аз таваҷҷуҳи ҷавонони дорои тафаккури баланди техникию технологӣ ба ихтирои чархболу ҳавопаймоҳо изҳори хушнудӣ намуд. Ҳамчунин технологияҳои истеҳсоли ҳар гуна маводи ғизоию доруворӣ, филмҳои тасвирӣ тавассути барномаҳои компютерӣ, тарҷумонҳои электронии бисёрзабона бо шумули забони тоҷикӣ, асбобҳои барқии талаботи рўзгор, обкашҳои бе истифодаи нерўи барқ коркунанда, коркарди нахи пахта ва пашм дар корхонаҳои хурди каммасраф бо технологияҳои ихтирои худашон ва дизайнҳои гуногуни либосҳои бостонию муосири тоҷикӣ ва ҷаҳонӣ боиси хушнудии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамроҳони ў гардид.Тавре аён шуд, Гимназияи Душанбе ҳам, ки дар назди ҳамин донишгоҳ фаъолият мекунад, ба комёбиҳои арзандаи таҳсин ноил гардидааст. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои нави таълимии Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро, ки асосан барои факултаи навтаъсиси тоҷикӣ — украинии ин донишгоҳ пешбинӣ шудааст, ифтитоҳ намуда, бо шароити муосири таълимии он аз наздик шинос шуд.Зимни шиносоӣ, аз ҷумла аён гардид, ки дар ин ҷо аз имконоти таҳсили фосилавӣ тариқи робита бо мактабҳои олии Украина ва дигар кишварҳои дуру наздик, шабакаи интернет ва воситаҳои дигари электронӣ, барномаҳои инноватсионии забономўзӣ ва аз худ кардани илму техникаи навтарин васеъ истифода мебаранд. Дар ҷараёни дарси сулҳ ва мулоқоти ошкоро бо устодону донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро бо оғози соли нави таҳсил табрику таҳният гуфта, ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи кадрҳои ба талаботи замони муосир ҷавобгў, бедор намудани тафаккури техникию технологии ҷавонону наврасон ва ҳавасмандсозии онҳо ба ҳама гуна навоварӣ ва пешрафту тараққиёт таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд.Тибқи супоришҳои мушаххаси Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, бояд дар назди яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар факултаи саноати сабук таъсис дода шавад, Коллеҷи технологии шаҳри Исфара ба филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон табдил ёбад, донишҷўёни бахшҳои шартномавӣ, ки бо баҳои аъло мехонанд, ба бахшҳои буҷавӣ гузаронда шаванд ва Барномаи президентии ҷустуҷў, интихоб ва таълиму тарбияи босифати кўдакону наврасон ва ҷавонони хушлаёқату соҳибистеъдод таҳия ва қабул гардад.Аз суолу дархостҳои сершумори донишҷўёну устодон низ, ки бевосита ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат намуданд, аён гардид, ки шавқу рағбат ва ҷаҳду талоши ҷавонон ба илмомўзӣ, эҷодкорию ихтироот ва навоварӣ хеле зиёд аст. Аз ин хотир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Вазорати маориф ва дигар вазорату идораҳои марбута ва роҳбарони худи муассисаҳои таҳсилоти олӣ дастур дод, ки бо донишҷўён мисли мулоқоти имрўза маҳфилҳои озоду ошкоро зуд-зуд ба роҳ монда, арзу дод ва пешниҳоду дархостҳои онҳоро шунаванд ва барои амалӣ намудани фикру андешаҳои пешқадамашон чораҳои судбахш андешида, амалӣ намоянд. Баъди анҷоми мулоқот ва дар фарҷоми боздид аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон масофае чанд мошини барқӣ ё худ электромобили ихтироъкардаи устодону донишҷўёни ин донишгоҳро ронда, ба ташаббускорони ин амали наку дастур дод, ки истеҳсоли васеи онро дар Тоҷикистон ба роҳ монанд. Тибқи дастури Сарвари давлат, то охири соли равон бо маблағгузорӣ аз фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд 5-10 адад чунин мошинҳо омода карда шаванд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ






