Доруҳои қалбакии талаботашон зиёд
Душанбе, 13 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти муовини раиси Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии ҷумҳурӣ Маҳмадалӣ Давлатов, 82 намуди доруҳое мавҷуданд, ки имконияти қалбакӣ буданашон аз эҳтимол дур нест ва ҳамаи он бо роҳи қочоқ аз хориҷи кишвар вориди дорухонаҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ мегардад.Дар солҳои 70 – 80 – и асри гузашта доруҳое аз қабили «Но — Шпа», «Мезим — форте», «Эссенсиал», «Дюфастон» ва боз даҳҳо доруҳои дигари дорои таъсири хуби табобатӣ дар ҳамаи бемористонҳо ба таври васеъ истифода мешуданд. Ин боис шуд, ки дар хориҷи кишвар даҳҳо ширкату корхонаҳои ғайриқонунӣ ба истеҳсоли ин навъи доруҳо даст ёфта, онро вориди дигар кишварҳо гардонанд.Ба иттилои манбаъ, танҳо дар муддати беш аз ним соли 2011 аз тарафи Вазорати тандурустӣ дар ҳамкорӣ бо Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ беш аз 14,5 тонна маводи дорувории сертификати мутобиқат надошта несту нобуд карда шуд.Ба гуфти М. Давлатов, соҳибкор Ҳаким Аҳмадов, ки доруи навъи «Дюфастон» — ро, ки дар яке аз корхонаҳои ғайриқонунии Ҷумҳурии Мардумии Чин истеҳсол шудааст, бо роҳи қочоқ вориди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд намуда буд. Баъдан ӯ дастгир ва бо ҳукми суд ба мӯҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум гардид.Дар бисёр маврид беморон аз он шикоят мекунанд, ки доруҳое, ки бо нархи гарон аз дорухонаҳо харид мекунанд, ба дардашон даво намебахшад.Пас саволи матраҳ ин аст, ки зарари моддию маънавии беморонеро, ки аз ин доруҳо даво намеёбанд кӣ бояд ҷуброн кунад: Вазорати тандурустӣ, табобатгоҳ, дорухона ва ё ширкати истеҳсолкунанда?








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






