Эҳсосот ва таассурот аз саёҳат ба биҳишти рўи замин –Тоҷикистон
Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар»).- Шахсан худам муштоқи санъати амалӣ буда, мисли дигар бонувон нисбат ба ҷавоҳироти заргарӣ, лавозимот ва либосҳои миллӣ рағбат дорам. «Роҳи Абрешим» Осиёи Марказиро аз абрешиму матоъҳои рангоранг ва гулдӯзиҳои рангини дастӣ, ки ба ҳар минтақа хосанд, пур намуд. Сӯзанӣ — ин матои калон буда, майдони гулрезро хотиррасон намуда, гулҳои бофташудаи он намунаи беназир мебошанд. Ман ҳамаи ин ва дигар мӯъҷизаҳоро дар қалби Тоҷикистон барои худ кашф намудам. Ҳар нафаре, ки ба таърих, тамаддуни қадимӣ ва санъат дар тамоми шаклҳои он мароқ зоҳир намудааст, ҳатман бояд аз Тоҷикистон дидан намояд. Ин ҷумҳурӣ, ки 20-умин солгарди Истиқлолияти худро 9-уми сентябр ҷашн мегирад, ҷозибанок мебошад.Чанде қабл ман аз шаҳри Душанбе, пойтахти ҷумҳурӣ, ки ба ҳама меҳмонони пойтахт осорхонаҳои гуногунро ба монанди Осорхонаи қадими Тоҷикистон, Осорхонаи этнографӣ ва миллӣ пешкаш менамояд, дидан намудам. Нигораҳои бисёр ҳам аҷоиб ба манзури хоҳишмандон пешниҳод гардидааст, ки онҳоро роҳбаладони боихтисос шарҳ медиҳанд. Барои шинос шудан бо фарҳанги тоҷикон ва барои худ кашф намудани бойигарии мероси тоҷикон лозим аст, ки ба ин осорхонаҳо ташриф орӣ. Саёҳат аз шимол ба ҷануби мамлакат бо дигаргуниҳои ҷуғрофӣ ва геологии худ дили касро мафтун месозад.Қад-қади роҳҳои печ дар печ манзараи пур аз харсангҳои хокистаррангу гулобӣ ба назар мерасад. Инчунин гуногунии навъи хокҳо ва сарватҳои зеризаминӣ ганҷинаи зеборо дар фазои озод ташаккул медиҳанд. Дар анҷоми ҳамаи ин, дидори кўлҳои осмониранг – ҳамчун оина симои кӯҳҳо ва растаниҳоро, ки зиёда аз 1300 навъанд, инъикос намуда, шахсро дар ҳайрат мегузорад. Мушоҳидаи чунин оинаҳои табиӣ ба андеша фурӯ меоварад ва ман беихтиёр ба «Сайри хаёлпарасти танҳо» мисли шоири фаронсавии асри ҳаждаҳ Жан-Жак Руссо ба хаёл фурў рафтам. Ба назари ман, шоири машҳури тоҷик Рўдакӣ ҳамчунин мафтуни ин табиати афсонавӣ буд. Дар ин кишвар на кам аз 5000 навъи растанӣ, ки баъзеи онҳо ба тадқиқотчиёни ботаҷриба хусусиятҳои табобатии худро мебахшанд ва ҳамчунин рангҳои гуногуни дарахтзорон ба рассомон ва эҷодкорон илҳоми тоза мебахшад, мавҷуданд. Боиси хушнудист, ки олами наботот ва ҳайвонот таҳти ҳимояи давлат буда, қисми мерос ба ҳисоб меравад. Олиҳимматии манзараҳои Тоҷикистон таъсири худро ба рассомон низ мерасонад. Зебогии бонувони тоҷик онҳоро ба илҳом овардааст: онҳо гӯшвораҳои тиллоӣ, ки ҳамчун анъана дар шакли секунҷа чанбараи марворид дорад, меовезанд, дар пушти сар босалиқона рўймолҳои басташуда ва куртаҳои дарози рангоранг, қи гўлдузиҳои онҳо вобаста ба ҳар минтақа аз якдигар фарқ мекунанд, мепўшанд. Аҳолии ин минтақаҳо дар ҳамоҳангӣ бо табиат умр ба сар мебаранд ва ин аз фарҳанги васеи онҳо шаҳодат медиҳад. Манзараҳои «Боми ҷаҳон» – кўҳҳои Помирро набояд фаромӯш сохт. Ман дар бораи гуногуншаклии ҷуғрофӣ ва демографии Помир бисёр мутолиа намудаам ва дар сафари ояндаи худ мехостам аз манзараҳое воқеъбуда дар самти Душанбе – Хоруғ дидан намоям ва инчунин орзу дорам бо мардону занони деҳаҳо, ки ҳунари дўзандагӣ ва дуредгариро дар сатҳи олӣ медонанд, вохўрам.Фаъолияти ташкилотҳои аврупои (фаронсавӣ, шведӣ, итолиёвӣ …) ва фондҳои мухталиф, ки ҳамкории дуруст ба роҳмондашудаи онҳо якдигарро вобаста аз имкониятҳояшон пурра месозанд, ба манн таассуроти хуб бахшид. Созмони Оғохон рушди ҷавонон, фарҳанг, маорифро дастгирӣ менамояд ва тобишҳои диниеро, ки ба халқи тоҷик хос аст, муттаҳид месозад. Фондҳои дигар фаъолияти худро дар соҳаҳои иқтисодиёт, санъат (мусиқӣ, рақс ва мӯд) пеш мебаранд ва ҷавонони боистеъдоди Тоҷикистонро ҷиҳати пурра баён намудани ақидаи худ бо такя ба аслияти миллии хеш дастгирӣ менамоянд. Ба ақидаи ман, якшавии чунин нерў ҳадяи нодир ва муҳим буда, ба ҳар як марду зани тоҷик некӣ ва меҳмоннавозӣ ато намудааст.Зимни сафарам ба Тоҷикистон маро дар ҳама ҷо, чӣ дар доираи вохўриҳои расмӣ оид ба масъалаҳои фарҳангӣ ва чӣ дар вохўриҳои ҳаррўзаи ғайрирасмӣ гарм ва самимона қабул намуданд. Аз дидани Тоҷикистон бисёр ба ваҷд омадам. Ман шаҳрванди Фаронса мебошам ва ният дорам миёни ҳар ду фарҳанг пул бунёд намоям, муколамаи байни онҳоро барқарор намоям ва мувофиқи рӯҳияи тоҷикон ва эҳтироми комил ба шахсияташон, ки онҳо метавонанд ифтихор намоянд, лоиҳа омода намоям. Ман ба Тоҷикистон дил бастам ва бо самимият ва ҷасорат баён мекунам, ки ба халқи Иттиҳоди Аврупо санъат ва ҳунари Тоҷикистон – биҳиштеро, ки дар ватани ман, яъне Фаронса ва инчунин дар давлатҳои Аврупо чандон машҳур нест, муаррифӣ намоям. Орзўи ман метавонад ҷомаи амал пӯшад. Фабиен Эрбан,Коршиноси байнамилалии мустақил оид ба масъалаҳои фарҳангш.Париж, Фаронса








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






