Э. Раҳмон ду бинои иловагии осоишгоҳи Баҳористонро мавриди истифода қарор дод

Сентябрь 29, 2011 17:08

Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қайроққум ду бинои иловагии осоишгоҳи Баҳористонро мавриди истифода қарор дод. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба осоишгоҳи Баҳористон, ки дар соҳили обанбори Қайроққум ё худ баҳри Тоҷик қарор дорад, ташриф оварда, бо буридани лентаи рамзӣ биноҳои нави ин осоишгоҳи дорои шароити муосири табобату истироҳатро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Тавре зикр гардид, биноҳои нахустини осоишгоҳи Баҳористон соли гузашта барои 400 истироҳаткунандаю табобатгиранда дар як баст ифтитоҳ ёфта, аллакай мизоҷону ҳаводорони сершумор пайдо намудааст. Бо ифтитоҳи бинои нави дорои шароити зарурии истиқомат, табобат ва истироҳату фароғат кунун осоишгоҳи Баҳористон дар як баст метавонад то 600 нафарро фаро бигирад, зеро бинои иловагӣ барои 200 нафар истироҳаткунандаю табобатгиранда пешбинӣ шудааст. Бинои нави табобатӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти навтарини ташхис, муоина, муолиҷа ва тавонбахшӣ дорои шароити зарурӣ барои хизматрасонӣ ба касони гирифтори бемориҳои асаб, рагу дил, буғуму устухонҳо, сутунмўҳра, роҳҳои нафас, меъдаю рўда, роҳҳои пешобгузар, бемориҳои мардонаю занона ва ғайра мебошад. Дар ин ҷо, ҳамчунин дастгоҳҳои навтарине насб гардидаанд, ки ҳар яки онҳо то 20-30 намуди ташхис, муоина ва ё муолиҷаро анҷом медиҳанд. Табобату тавонбахшӣ бо лойи шифобахш, муми кўҳӣ ё худ озакирит, реги маҳаллӣ, шахта ё худ ғори намакин аз намаки кўҳи Хоҷамуъмини ноҳияи Восеъ, амалиётҳои гуногуни обӣ, аз қабили масҳи обӣ, обпошӣ бо фишори баланд, бо оби маъдандори сурфурӣ ва бо бўғшифоию гиёҳшифоӣ ба роҳ монда шудааст. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шароити муҳайёгардида баҳои баланд дода, таъкид дошт, ки барои табобату хизматрасонӣ ба мизоҷон ба ин осоишгоҳ мутахассисони сатҳи баланд тариқи озмун ба кор ҷалб карда шаванд. Таъкид гардид, ки тамоми хизматрасониҳо, аз ҷумла дар табобатгоҳҳо, утоқҳои истиқоматӣ, фароғатгоҳҳо, толору майдонҳои варзишӣ ва дар ошхона, тарабхона, қаҳвахона ва чойхона бояд аз ҷониби беҳтарин мутахассисони ин соҳаҳо ба роҳ монда шавад, то ки ҳама гуна мизоҷон аз дохил ва хориҷи кишвар тавонанд дар ин ҷо табобат гирифта, истироҳат намоянд. Тавре иттилоъ дода шуд, имрўз ҳам шумораи хоҳишмандон барои табобату истироҳат дар осоишгоҳи Баҳористон хеле зиёданд ва ин аст, ки осоишгоҳ ҳар моҳ ба буҷети шаҳри қайроққум 200 ҳазор сомонӣ андоз ворид мекунад. Бахши муҳими табобатии ин осоишгоҳро гиёҳшифоӣ бо истифода аз гиёҳҳои шифобахши сершумори табиати биҳиштосои Тоҷикистон ташкил медиҳад.Бинои нави осоишгоҳи Баҳористон, ҳамчунин дорои толори калони варзиши бадан ва бозиҳои варзишӣ аст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки толорҳои варзишӣ ва фитнес якчанд то бошанд ва алоҳида барои занону мардон. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки то зимистони соли оянда як ҳавзи шиноварии болопўшида бо шабакаи гармсозии об ва як корти болопўшидаи теннис сохта, ба истифода дода шавад. Афзалияти муҳими дигари ин ҷо дар он аст, ки утоқҳои зист, толору утоқҳои табобатӣ, толори варзишӣ, ошхона ва дигар ҳуҷраю толорҳои зарурӣ дар дохили бино қарор доранд ва табобатгирандагону истироҳаткунандагон дар фасли зимистон ҳам ба ҳавои сарду шамоли берун набаромада, ҳама ниёзҳои худро мебароранд. Дар ин бино барои 140 нафар кормандони соҳаи тиб ва хизматрасонии маишӣ ҷойи кори доимӣ бо маоши хуб муҳайё гардидааст. 30 нафари дигар барои кори доимӣ ба маркази фароғатии Сано ҷалб карда мешавад, ки дар назди осоишгоҳи Баҳористон имрўз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Маркази фароғатии Сано дорои толори бузург барои рақсу суруду дилхушӣ, толори машқи сурудхонӣ бо караоке, толори сақобозӣ, тенниси болои миз, боулинг ва дигар бозиҳо мебошад, ки метавонад мизоҷони сершумор, хусусан ҷавононро ба ин ҷо барои истироҳату фароғат ва дилхушӣ ҷалб намояд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар ин ҷо барои нигоҳ доштани тартиботи зарурии ҷамъиятӣ ва пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои ғайриқонунӣ тадбирҳои судбахш амалӣ карда шаванд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин ба соҳили баҳри Тоҷик баромада, бо рафти корҳои ободонии назди соҳил, ки барои оббозӣ, офтобдиҳии бадан, бозиҳои соҳилии рўйи рег ва дигар намудҳои фароғат иҷро мегарданд, аз наздик шинос шуд. Дар соҳили баҳр бо бунёди як садди бузурги иборат аз сангу реги махсус ҳавзҳои калони шиноварӣ бунёд меёбанд, ки тўли тамоми мавсими оббозӣ, новобаста аз паст ё баланд шудани сатҳи оби қайроққум, пур аз оби тоза хоҳанд буд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки дар ин ҷо тамоми зербинои зарурӣ, аз ҷумла барои оббозию шиноварӣ, офтобдиҳии бадан, душҳо барои шустушўй бо оби тоза ва қаҳвахонаю фурўшгоҳҳо барои фурўши хўрокҳои гарм, яхмосу ширинӣ, нўшокиҳои хунук ва ғайра мутобиқ ба талаботи муосири ҷаҳонӣ муҳайё карда шаванд, то ки барои сокинони Тоҷикистон ва ҳам сайёҳону меҳмонони хориҷӣ шароити хуби истироҳату фароғат мавҷуд бошад.Тавре аён гардид, осоишгоҳи Баҳористон дар соҳили баҳри Тоҷик бо имкони қабули 600 нафар мизоҷон дар як баст ва бо шароити монанд ба меҳмонхонаҳои муосир имрўз ба беҳтарин осоишгоҳи Тоҷикистон табдил ёфтааст.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.

Сентябрь 29, 2011 17:08

Хабарҳои дигари ин бахш

7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад
6 август дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 август, сешанбе, 217-умин рӯзи соли 2025 аст