Гуфтугӯй судманди «сегона» дар Варзоб
Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар»).- Бегоҳии рўз, 1 сентябр дар қароргоҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб мулоқоти ғайрирасмии сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон – Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай ва Осиф Алӣ Зардорӣ баргузор гардид.Сарони давлатҳои дўсту ҳамсоя доир ба масоили ҳамкории сеҷониба, қабл аз ҳама дар соҳаҳои энергетика, роҳсозӣ, пайвастани шабакаҳои барқию нақлиётӣ, ташкили бозори минтақавии нерўи барқ, боло бурдани иқтидори транзитии се кишвар ва ҳамгироии муштарак ба зидди терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ табодули назар намуданд.Гуфтугўйи судманд, ҳамчунин доир ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон ва ҳамгироии муштараки минтақавию байналмилалии се кишвар сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






