Ифтитоҳи бинои нави беморхона дар ноҳияи Б. Ғафуров
Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар арафаи таҷлили ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 сентябри соли ҷорӣ бо иштироки раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои иловагии беморхонаи ноҳиявии № 4, ки сохтмонаш солҳо боз нотамом буд, ба истифода дода шуд. Cохтмони бинои мазкур аз буҷети вилоятӣ маблағгузорӣ шуда, аз шӯъбаҳои амрози дарунӣ ва кӯдакона иборат буда, дорои 40 кат ва таҷҳизоти муосири тиббӣ мебошад.Қоҳир Расулзода дар мулоқот бо табибони ноҳия зикр кард, ки сол аз сол барои рушди соҳаи тандурустӣ, сохтмони иншооти замонавӣ ва беморхонаҳо аз буҷети ҷумҳурӣ ва вилоятӣ маблағҳои зиёд ҷудо мешаванд. Аз ин рӯ, бояд духтурон донишу малакаи касбӣ ва сатҳи хизматрасонии тиббиро ба мардум баланду беҳтар намоянд.Инчунин, раиси вилоят Қоҳир Расулзода зикр намуд, ки соли оянда соли ҷамоати деҳоти Унҷӣ аст, зеро ба Иҷлосияи таърихии ХVI-уми Шурои Олӣ 20 сол пур мешавад. «Мо аз ин рӯз бояд ба ин санаи таърихӣ омодагӣ бинем. Қасри Арбоб, ки дар он ҷо иҷлосияи таърихӣ баргузор гардид, имрӯз ба мувозинаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят гузашта, алҳол бино таъмир мешавад. Ҳамчунин дар назди он то ҷашн чойхонаи боҳашамати миллӣ сохта мешавад, ки алъон аз буҷети вилоят барои ин корҳо 3 миллион сомонӣ ҷудо шудааст», — идома дод Қ. Расулзода. Аз хадамоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки раиси вилоят ба беморхонаи мазкур мошини ёрии тиббии таъҷилӣ ва таҷҳизоти муолиҷавӣ тӯҳфа намуда, ба собиқадорон ва кормандони пешқадами беморхона тӯҳфаҳо тақдим намуд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






