Имзои созишномаҳои системаи обтаъминкунӣ
Душанбе, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти маркази матбуоти хоҷагии манзилию коммуналӣ, бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати ҶТ ва маблағгузории Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар доираи лоиҳаи «Барқарорсозии системаҳои обтаъминкунии шаҳрҳои ҷануби Тоҷикистон» ҷиҳати ҷудо кардани 6 млн. 172,8 ҳазор доллари амрикоӣ созишнома ба имзо расид, ки аз ин 4 млн. 178,8 ҳазор доллараш маблағи грантӣ ва 2 млн. қарзи дарозмуддат мебошад.Мушовирони тадбиқи лоиҳа корҳои мураттаб сохтани лоиҳаро оғоз намуданд.Барои амалисозии барнома Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) Корхонаи воҳиди давлатии Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Душанбе, ширкатҳои мушовир «Сеурека» -и Фаронса ва «Аквамундо» -и Олмонро ҷалб намудааст. Гурӯҳи тадбиқсози лоиҳа аз тарафи БАТР ба қарзи бебозгашти техникӣ маблағгузорӣ карда мешавад. Дар доираи лоиҳаи мазкур ҷиҳати хариди техникаву механизмҳо барои шаҳрҳои фарогири Лоиҳа — Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Данғара 19 адад мошину механизмҳои махсуси коммуналӣ харида шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд






