Интишори «Энсиклопедияи Фархор»

Сентябрь 15, 2011 15:57

Душанбе, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Муассисаи нашриявии «Ирфон» тавассути матбааи хусусии «Бебок» ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Энсиклопедияи Фархор»-ро дар ҳаҷми 34 ҷузъи чопӣ бо теъдоди 2,5 ҳазор нусха ба табъ расонид.Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор тибқи шартномаи ҳамкорӣ бо муассисаи давлатии «Маҷаллаи Тоҷикистон» ва бо ҷалби олимони Институти таърих, этнография ва мардумшиносии АИ Тоҷикистон, шӯъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаррихони варзида аз Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб, як қатор рӯзноманигорони собиқадори кишвар ва гурӯҳҳои кории ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия китоби энсиклопедии пурмӯҳтаворо таҳия ва омода сохтаанд.Тавре мураттиб ва сармуҳаррири китоб, узви Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон Аскар Абдусамадов изҳор дошт, заминаи асосӣ барои таҳияи «Энсиклопедияи Фархор» татқиқоти арзишманди олимони маъруфи кишвар, академик Бобоҷон Ғафуров, аъзои вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон Борис Литвинский ва Юсуфшо Яқубов, бостоншиносон Хуршед Муҳиддинов, Музаффар Азизов, Олга Пянкова, Вадим Ранов, доктори илмҳои таърих, профессор Шариф Достиев, ки дар бораи таърихи беш аз 3,5 ҳазор солаи Фархор маълумоти мӯътамад медиҳанд ва ҳамзамон аз таърихи замони шӯравии ин диёр ҳикоят мекунанд, гардиданд.Мақсад аз таҳия ва чопи «Энсиклопедияи Фархор» ба диққати умум расонидани давраҳои қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва нави ин кӯҳандиёр аст, ки ганҷинае аз таърихи кишвар мебошад.Тавре муаррихон изҳор доштаанд, таърихи Фархорро аз таърихи Хатлон ҷудо намудан амри маҳол аст. Зеро Фархор чун дарвозае барои ҳамагуна лашкаркашиҳо ба муқобили Хатлон буд. Маҳз бар асари тохту тозҳои арабҳою ғазнавиҳо, салчуқиҳо ва дигар сулолаҳои яғмогар шаҳрҳои қадимаи Саксанохуру Золи Зар, ки марказҳои маъмурӣ ҳисоб меёфтанд, борҳо харобу валангор шуда буданд.Дар «Энсиклопедияи Фархор» хонанда аз таърихи ин диёри куҳанбунёди кишвар маълумоти кофӣ ҳосил мекунад.Бозёфтҳои ҳафриётшиносон, ки солҳои 60-80-ум дар мавзеъҳои таърихии Макони Мор, Саксанохур, Золи Зар, Қабристони Иттифоқ ёфт гардида, аз замони Кӯшониён, истилои араб ва дигар давраҳо нақл мекунанд, ҳоло дар Осорхонаҳои маъруфи мамлакат ба маърази тамошо гузошта шудаанд.Ҳафриётшиносон дар ҳар гӯшаи Фархор қариб 40 мавзеи таърихиро муайян кардаанд, ки аз ин танҳо дар 5-6 тоаш таҳқиқот гузаронида шудааст. Дар китоб нишон дода шудааст, ки давоми беш аз 80-соли таъсисёбии ноҳия зиёда аз 14 ҳазор гектар заминҳои даштҳои Ӯртабузу Майдапатта ва Кокул обёрӣ гардида, ҳазорҳо гектар замини ботлоқу туқайзор ба замини корам табдил дода шудаанд.Ҳоло Фархор ба макони истеҳсоли пахта, ғалла, боғу токзор ва дигар зироат табдил ёфтааст.Дар ноҳия даҳҳо ташкилоту муассисаҳои саноатию сохтмонӣ, тиҷоратию ҳунармандӣ фаъолият доранд, ки дар бораи онҳо аз китоб маълумоти кофӣ ҳосил кардан мумкин аст.Хонандагон аз рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, варзиш ва фарҳанг маълумоти боз ҳам бештар пайдо мекунанд.Дар китоб аз фаъолияти пурсамари Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон мақолаи алоҳидаи пурмӯҳтаво ба табъ расидааст, ки туфайли он доир ба таърихи 20-соли истиқлолияти давлатии Тоҷикистон маълумоти кофӣ гирифтан мумкин аст. Чор сафари кории Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Фархор, ки дар китоб ҷой дода шудааст, дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ин диёр нақши арзанда гузоштанд. Алалхусус, сафари нахустини Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 1993 ба рӯзҳои душвори ҳаёти мардуми Тоҷикистон ва махсусан ноҳияи Фархор рост омада буд. Роҳбари давлат бо вазъи беморони варами ҷигар, ки он рӯзҳо қариб 7 ҳазор нафар сокинони ноҳия ба ин дард гирифтор буданд, шинос гардид. Дар ҳамин рӯзҳо таъҷилан бо дастури Сардори давлат барои табобати онҳо тадбирҳои таъҷилӣ андешида шуд. Инчунин аз сафари дуюми Президенти ҷумҳурӣ моҳи марти соли 1997 ба деҳаи Сомончии ҷамоати деҳоти Зафари ноҳия, ки бар асари сел чандин хонавода бесарпаноҳ монда буд, ёдоварӣ карда шудааст.Тавре сармуҳаррири «Энсиклопедияи Фархор» Аскар Абдусамадов дар идомаи сӯҳбат гуфт, дар охири китоб ҳамчунин якчанд мақолаи арзишманди олимони машҳури кишвар низ ҷой дода шудаанд.Китоби «Энсиклопедияи Фархор» барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ ва таҳия гардидааст. Таҳиягарон онро тавре мураттаб сохтаанд, ки аз хонандаи мактаб то деҳқону коргар, мутахассису роҳбари корхонаву ташкилот, зиёӣ, хизматчии давлатӣ, олимони соҳоти гуногун зимни мутолиа мутобиқи завқ барои худ чизе меёбанд.

Сентябрь 15, 2011 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Теъдоди ҳалокшудагон бар асари бориши шадид дар Покистон ба 195 нафар расид
Мақомоти Судон ба таври расмӣ авҷгирии бемории ваборо эълон намуданд
Дар Душанбе «Иди тарбуз ва харбузаву каду» баргузор мегардад
«МегаФон Football Day: бозӣ бо ситораҳо»: ҳамаро даъват менамоем!
Дар Димишқ китоби академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» маротибаи дуюм ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба маблағи зиёда аз 20 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расиданд
Дар ноҳияи Рашт мумфаршкунии зиёда аз 3 километр роҳи дохилии деҳаи Поҷеи поён оғоз гардид
Мақолаи олими тоҷик дар озмуни «Беҳтарин лоиҳаи байналмилалии соҳаи маориф» дар Испания сазовори ҷойи дуюм гардид
Дар Панҷакент насби таҷҳизот ва қубурҳои обкашонӣ барои майдонҳои кишт идома дорад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛ. Дар ноҳияи Ашт 3 километр роҳ мумфарш карда мешавад