Иштироки Ҳ. Зарифӣ дар нишасти “Шоҳроҳи нави абрешим”
Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 22 сентябри соли 2011 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои “Шоҳроҳи нави абрешим”, ки бо ташаббуси вазирони корҳои хориҷии Олмон, Афғонистон ва ИМА даъват гардида буд, иштирок ва суханронӣ намуд.Дар суханронии худ Ҳамрохон Зарифӣ аз корҳои анҷомдодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими равобит бо Афғонистон ёдовар гардида, омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати дастгирии лоиҳаҳои минтақавӣ, ки ба таъмини сулҳу субот ва рушди иқтисодӣ дар Афғонистон равона гардидаанд, изҳор намуд. Ҳамчунин, ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намуд, то лоиҳаҳои инфрасохтории минтақавӣ дар соҳаҳои нақлиёт ва энергетика дар чаҳорчӯби ташаббуси “Шоҳроҳи нави абрешим” амалӣ шаванд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ иттилоъ доданд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






