Истиқбол аз Истиқлол дар Нижний Новгород
Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар», Назокат Қодирова).-23 сентябр дар Қасри Маданияти «Химик»-и шаҳри Дзержинскийи вилояти Нижегороди Федератсияи Русия бо ташаббуси раиси созмони ҷамъиятии тоҷикони вилояти Нижегород «Умед» Мутрибшо Юсуфов ва бо кўмаку дастгирии Раиси шаҳри Дзержинский Виктор Фёдорович Сопин, инчунин бо ҳамдастии Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ҷашни бошукўҳи 20-умин солгарди Истиқлолияти мардуми куҳанбунёд, фарҳангпарвар ва бунёдкори Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид.Дар даромадгоҳи Қасри маданият барои ошноии бештари меҳмонон бо фарҳангу суннатҳои миллии тоҷикӣ дар як гўша намоишгоҳи намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ташкил ва либосҳои миллӣ, сўзанӣ, кандакорӣ, қошуқтарошӣ рўзномаву маҷалла ва китобҳои классикони тоҷик бо забони русию тоҷикӣ ба маърази тамошо гузошта шуда буд. Дар ҷашнвораи Истиқлол роҳбари Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Асрор Одинаев ва мушовири Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Сўҳроб Раҷабов ширкат варзиданд. Раиси шаҳри Дзержинский Виктор Фёдорович Сопин ва Раиси Думаи шаҳрӣ Валерий Анатолевич Чумазин тоҷикистониёнро бо рўзи иди Истиқлол муборакбод намуданд. Роҳбари Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ дар Федератсияи Русия Асрор Одинаев ҳамватанони бурунмарзӣ ва муҳоҷирони меҳнатиро бо ҷашни Истиқлол табрик гуфта, аз дастоварду комёбиҳои ҷумҳурӣ тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо роҳбарии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла перомуни ба расмият шинохта шудани Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои мухталифи дуньё, буньёдкориву созандагиҳо ва иқдому ташаббусҳои гуногуни Сарвари давлат ҳарф зада, дар хотимаи сухан ба Раиси шаҳри Дзержинский Виктор Фёдорович ҷома ва тоқии миллии тоҷикӣ пўшонид. Ҳамчунин раиси созмони ҷамъиятии тоҷикони вилояти Нижегородский Мутрибшо Мирзоев, имомхатиби масҷиди шаҳри Дзержинский Ҳайдар-ҳазрат Раҳматулин, намояндаи диаспораи арманиҳо Артак Сандроевич, ноиби президенти минтақавии созмони миллию фарҳангии вилоятии озариҳо Фотима Магомедовна ва дигарон сухан гуфтанд. Хотири ҳозирон ва табъи ҳамватанонро соҳиби лауреати байналхалқиву умумирусиягӣ ва ғолиби озмуни минтақавии эстрадии кўдакони шаҳри Дзержинский Фотима Ҷонбобоева бо суруди «Душанбе, мой Душанбе», Музаффар Абдувоҳидов бо навои дутор, ансамбли рақсии тоҷикӣ «Ҷавонӣ», сарояндаи мардумӣ Бобоҷон Холов бо суруди «Модар» шод гардониданд. Дар хотима филми таърихӣ ва бадеии «Рустам ва Сўҳроб» аз рӯи асари «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ нишон дода шуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






