Китоби нав дар бораи энергетикҳо
Душанбе, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дафтари матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик» ба ифтихори 20 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон китоберо дар бораи сиёсати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бахши энергетика таҳти унвони «Нурафзо» аз чоп баровард.Тавре дар ШСХК «Барқи тоҷик» ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ин китоб асосан аз дастовардҳои энергетикҳои тоҷик тайи солҳои истиқлолияти Тоҷикистон нақл карда мешавад. Масалан, дар боби «Истиқлолият ва гидроэнергетика» ҷараёни сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии «Помир-1» ва «Сангтӯда – 1» муфассал зикр шуда, ҳамчунин фаъолияти тамоми сохтори энергетикӣ тайи солҳои истиқлолият баён карда мешавад. Китоб бо нусхаҳои зиёд ба забони тоҷикӣ интишор гардида, барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.Китоби «Нурафзо» — ро раиси ШСХК «Барқи тоҷик» Абдулло Ёров ва роҳбари дафтари матбуоти муассисаи мазкур Нозир Ёдгорӣ тартиб додаанд.








ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад






