Мактабе, ки назираш дар Фархор нест

Сентябрь 6, 2011 15:07

Душанбе, 6 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар остонаи таҷлили 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 сентябр дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон мактаби нави таҳсилоти умумии рақами 38, ки дар ҷамоати деҳоти Ғайрат деҳаи Тоҷикистон воқеъ гардидааст, сохта ба истифода дода шуд. Дар маросими ботантана ба истифода додани мактаби наву замонавӣ вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов, кормандони масъули Дастгоҳи Президенти ҷумҳурӣ ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Фархор иштирок намуданд. Онҳо толибилмонро бо оғози соли нави таҳсил дар мактаби нав табрик гуфта, ба толибилмон таҳсили аъло ва интизоми намунавӣ таманно карданд.Назар ба иттилои Ғазалшо Сафаров, мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Фархор, мактаби замонавии рақами 38, ки қаблан дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, аз ҷониби соҳибкор Қурбон Назаров, ки дастпарвари ҳамин мактаб аст ба маблағи 168 ҳазор доллар сохта шуд. Мактаб, ки бо усули меъмории муосир бунёд гардидааст аз як ошёна иборат буда, дорои 522 ҷои нишаст, 19 синфхонаи фаннӣ, 6 ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорн мебошад. Макабро сохтмончиёни ширкати сохтмонии маҳаллӣ дар зарфи 2, 5 моҳ сохта ба истифода додаанд. Мактаб дар масоҳати 1, 5 гектар доман густурда, дорои толори хониш, бойгонӣ, китобхона ва синфхонаи компютерӣ мебошад.

Сентябрь 6, 2011 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд