Мавҷи истиқлол дар «Мавҷ»
Душанбе, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар маркази шаҳри Севастопол бо ташаббуси ҷамъияти тоҷикистониёни ин минтақа ва бо роҳбарии сарвари ҷамъият Ҷӯрабек Набиев дар якҷоягӣ бо ҳукуматдорони шаҳр 20-умин солгарди Истиқлолияти ҶТ ҷашн гирифта мешавад. Пагоҳ дар ошхонаи миллии тоҷикии «Мавҷ» ҳамватанони севастополии мо дастархони идона ороста, дар толори Кохи синамои шаҳр филмҳои тоҷикӣ намоиш дода мешаванд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» раиси ҷамъияти тоҷикони Севастопол Ҷӯрабек Набиев хабар дод.