Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Осиф Алӣ Зардорӣ
Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ, ки низ барои иштирок дар мулоқоти сарони давлатҳои Чоргонаи Душанбе, яъне Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот намуд.Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуд. Аз рушди босуботу босуръати ҳамкории ду кишвар, ки солҳои ахир ба назар мерасад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.Барои густариши минбаъдаи равобити судманд, рушди тиҷорати дуҷониба, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, ҷалби васеи соҳибкорон ва муҳайё намудани фазои мусоиди сиёсию ҳуқуқӣ ба онҳо фаъолияти бештару босамартари Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва тавсиаи заминаи қарордодию ҳуқуқӣ зарур шумурда шуд.Ба идомаи ҳамкории судманд дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту роҳсозӣ, аз ҷумла барои ба ҳам пайвастани шабакаҳои барқию нақлиётӣ ҳавасмандии ду ҷониб таъкид гардид. Таваҷҷуҳи зиёд, ҳамчунин ба рушди ҳамкории судманд миёни сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар барои таҳкими муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ зоҳир карда шуд.Гуфтугўйи судманд, ҳамчунин доир ба рўзномаи мулоқоти чорҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон, Федератсияи Русия ва ҳамгироиҳои минтақавию байналмилалии ду кишвар сурат гирифт.Баъди анҷоми мулоқот сарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Осиф Алӣ Зардорӣ ба шаҳраки дипломатии шаҳри Душанбе ташриф оварда, якҷоя бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба бунёди бинои нави Сафорати ҷумҳурии Исломии Покистон дар ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшиданд.Сарони ду давлат зимни суханронии табрикӣ оғози сохтмони бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистонро дар яке аз беҳтарин мавзеъҳои шаҳри Душанбе нишонаи эҳтирому самимияти баланди ду ҷониб ба ҳамдигар ва воситаи рушди бештари муносиботи дўстӣ ва ҳамкории судовар арзёбӣ намуданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






