Номаҳои таҳният ба унвонии Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон

Сентябрь 12, 2011 12:03

Ба муносибати Бистумин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаҳои табрикӣ аз сарони давлату ҳукуматҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, роҳбарони созмонҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандони алоҳидаи мамлакатҳои хориҷӣ мерасанд.Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Кристиан Вулф дар номаи табрикиаш чунин менависад: Ҷаноби Президент, Ба муносибати Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ва халқи Тоҷикистон шахсан аз ҷониби худ ва аз номи ҳамватанонам табрикоти самимонаро ирсол медорам.Имсол аз давраи Истиқлолият пайдо намудани Тоҷикистон 20 сол пур мешавад. Дар ин давра байни мамлакатҳоямон муносибатҳои бисёрҷониба ва зич барқарор шуданд. Тоҷикистон барои Олмон шарики муҳиме дар минтақаи Осиёи Марказӣ гардид. Олмон минбаъд ҳам дар Тоҷикистон ва дар тамоми Осиёи Марказӣ фаъолияти пурсамарашро дар сатҳи дуҷониба, ҳамчунин дар чаҳорчӯбаи Иттиҳоди Аврупо, масалан, дар амри пешбурди принсипҳои давлати ҳуқуқбунёд идома медиҳад.Ба Шумо ва аҳли оилаи Шумо беҳбудию тансиҳатӣ ва ба халқи Тоҷикистон сулҳ, озодӣ, амният ва осудаҳолиро таманно дорам. Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул дар барқияи худ чунин иброз дошт: Мӯҳтарам Президент,Ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи халқи турк ва шахсан аз номи худам Олиҷанобро ва халқи дӯсти тоҷикро самимона табрик мегӯям.Аз фурсат истифода намуда, ба Ҷаноби Олӣ хушбахтию тансиҳатӣ, ба халқи бародари тоҷик пешравию рифоҳ таманно дорам. Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Роза Отунбоева Сарвари давлатамонро бо номаи зерин муборакбод кард:Мӯҳтарам Эмомалӣ Шарифович, Ба муносибати 20 – умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимонатарини маро қабул фармоед.Тоҷикистон 20 — солагии истиқлолияти худро бо муваффақиятҳо дар боби дигаргунсозиҳои куллӣ дар иқтисодиёт, ҳаёти иҷтимоӣ ва ҷамъиятию сиёсии давлат истиқбол намуда, дар арсаи ҷаҳон мақоми арзандаро касб мекунад.Мутмаинам, ки муносиботи дӯстӣ ва ҳамсоягии неки Қирғизистону Тоҷикистон минбаъд ҳам ба нафъи халқҳои ҳар ду давлат рушд меёбад. Аз фурсат истифода намуда, ба Шумо, мӯҳтарам Эмомалӣ Шарифович, тансиҳатӣ, беҳбудӣ ва муваффақиятҳои минбаъда дар фаъолияти давлатиатон ва ба халқи ба мо дӯсти Тоҷикистон сулҳу шукуфоиро орзу менамоям.Дар номаи табрикотии Президенти Украина Виктор Янукович чунин гуфта мешавад: Мӯҳтарам Эмомалӣ Шарифович !Аз номи халқи Украина ва шахсан аз номи худам Шуморо бо 20 – умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод менамоям. Украина дастовардҳои Тоҷикистонро дар роҳи рушди собитқадамонаи иқтисодиёти миллӣ ва татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ баланд арзёбӣ мекунад. Бояд зикр намуд, ки вақтҳои охир давлатҳои мо ҷиҳати таҳкими равобити анъанавии дӯстона кори зиёдеро анҷом дода ва саҳифаи нави гуфтушуниди дуҷонибаро кушоданд. Украина омода аст, ки ҳамкории Украина ва Тоҷикистонро дар соҳаҳои мухталиф рушду густариш диҳад. Аминам, ки гуфтушуниди сарони олимақом дар чаҳорчӯбаи ташрифи пешбинишудаи Шумо ба Украина ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ қувваи нав мебахшад. Ба Шумо, мӯҳтарам Эмомалӣ Шарифович, дар фаъолияти масъули давлатӣ тансиҳатии бардавом ва комёбиҳо ва ба халқи дӯсти тоҷик сулҳ, ризоият ва шукуфоиро таманно дорам.Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пратибҳа Девисингҳ Патил ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи дорои мазмуни зеринро ирсол намуд:Ҷаноби Олӣ, Бароям ифтихори бузург аст, ки ба муносибати 20 – умин солгарди Рӯзи истиқлолиятатон Ҷаноби Олӣ ва халқи дӯсти тоҷикро муборакбод намоям. Муносибатҳои зичи дӯстонаи мо ба равобити таърихию фарҳангиамон истинод мекунанд. Ҳиндустон ӯҳдадор мешавад, ки риштаҳои дӯстиамонро ба нафъи халқҳои ҳар ду кишварамон минбаъд ҳам мустаҳкам намояд. Ҷаноби Олӣ, ман аз ин имконият истифода намуда, ба Шумо тансиҳатии бардавом ва ба халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон шукуфоиро таманно медорам. Ҷаноби Олӣ, лутфан, эҳтироми бепоёни маро қабул намоед. Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов дар номаи табрикиаш чунин менависад:Мӯҳтарам Эмомалӣ Шарифович!Ба муносибати иди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи истиқлолият табрикоти самимонаи маро қабул фармоед.Изҳори умедворӣ менамоям, ки муносибатҳои чандинасраи миёни Ӯзбекистону Тоҷикистон, ки дар принсипҳои ҳамсоягии нек ва эҳтироми якдигар қарор доранд, минбаъд ҳам ба нафъи халқҳои мамлакатҳоямон рушду густариш меёбанд.Аз фурсат истифода намуда, ба Шумо, мӯҳтарам Эмомалӣ Шарифович, сиҳатии хуб ва ҳамагуна комёбиҳо, ба халқи дӯсти Тоҷикистон сулҳу шукофиро орзу менамоям. Номаҳои табрикотӣ ҳамчунин аз Президенти Ҷумҳурии Португалия Анибал Каваку Силва, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Сарвазири Герсогствои Бузурги Люксембург Жан Клод Юнкер, Папаи Рим Бенедикти ХУ1, Имоми исмоилиёни ҷаҳон Оғохони 1У, дабири кулли Созмони Исломии Ҳамкорӣ Акмалиддин Иҳсоноғлу, Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд доктор Аҳмад Муҳаммад Алӣ, Митрополити Душанбе ва Тоҷикистон Викентий ва дигарон расидаанд. Расиди номаҳои табрикӣ ба унвонии Сарвари давлатамон ба муносибати бистумин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

Сентябрь 12, 2011 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад