Номаҳои табрикотӣ ба унвонии Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон
Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар»). — Ба муносибати бистумин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаҳои табрикотии сарони давлату ҳукуматҳои хориҷӣ, роҳбарону созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, роҳбарони созмонҳои ҷамъиятӣ ва шахсони алоҳидаи кишварҳои хориҷӣ мерасанд.Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Анатолевич Медведев чунин менависад:Мӯҳтарам Эмомалӣ Шарифович, Ба муносибати иди миллӣ — Рӯзи Истиқлолият табрикоти самимонаро қабул фармоед. Тоҷикистон тайи 20 соли гузашта дар бахши иҷтимоию иқтисодӣ муваффақиятҳои назаррас ба даст оварда, обрӯи худро дар арсаи ҷаҳон баланд бардошт.Муҳим аст, ки тайи ҳамаи ин солҳо муносибатҳои анъанавии дӯстона, нафъи мутақобила ва баробарҳуқуқи байни кишварҳоямон дар принсипҳои ҳамкории стратегӣ рушд меёбанд.Аминам, ки гуфтушуниди ба қарибӣ барпошудаи сарони олимақоми Русия ва Тоҷикистон ба пешравии ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф, густариши ҳамкорӣ дар умури минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла бо назардошти ҷамъбасти ҳамоиши Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қувваи иловагӣ мебахшанд. Ҳамаи ин ҷавобгӯи манофеи халқҳои Русия ва Тоҷикистон буда, ба кори сулҳ ва рушд дар Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад. Ба Шумо ва халқи Тоҷикистони дӯст орзуҳои беҳтаринро таманно дорам.Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Обама дар барқияааш чунин қайд намуд. Мӯҳтарам Ҷаноби Президент:Аз номи халқи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Шумо ва ҳамватанони Шуморо ба муносибати таҷлили 20 – умин солгарди Истиқлолият ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон самимона муборакбод менамоям.Иёлоти Муттаҳида бо Ҳукумати Тоҷикистон ва халқи он барои ташкили ҳамкории қавӣ дар рӯҳи сулҳу дӯстӣ кор мекунад. Мо имконияти таҳким бахшидани равобити дуҷонибаю минтақавии иқтисодӣ ва ҳифз аз хавфу таҳдиди терроризмро қадр мекунем. Иёлоти Муттаҳида ба манзури рушди ҷомеаи бехатар, шукуфон ва демократӣ ба ҳамкории худ бо Тоҷикистон содиқ мемонад.Ман ин марҳилаи муҳими таърихи Тоҷикистонро қайд намуда, умедворам, ки муносибатҳои байни халқҳои мамлакатҳоямон ба андозаи пешрафти ҳамкории густаришёбанда ва серамаламон рушду тақвият меёбад.Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Сзинтао Сарвари давлатамонро бо номаи зерин муборакбод намуд:Ба муносибати 20 – солагии Истиқлолияти ҶТ аз номи Ҳукумати ҶМЧ ва халқи Чин, ҳамчунин шахсан аз номи худам ба Ҷалолатмаоб ва дар шахси Шумо Ҳукумати ҶТ ва халқи тоҷикро сидқан муборакбод намуда, орзуҳои беҳтаринро иброз медорам. Халқи тоҷик тайи 20 соли истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарии Шумо баҳри ҳифзи соҳибихтиёрии давлат саъю кӯшиш намуда, мамлакати худро бо роҳи устуворона тараққӣ медиҳад, ки мутобиқи воқеияти Тоҷикистон буда ва дар амри ба даст овардани ризоияти миллӣ ва рушди иқтисодиёт муваффақиятҳои зиёде ба даст овардааст.Мо ба ҳайси ҳамсояҳои дӯст ва шарикони мушфиқи Тоҷикистон аз ин дастовардҳо сидқан шод мегардем. Ҷониби Чин саъю кӯшишҳои Шуморо ба манзури таъмини амнияту субот, ҳамчунин дар амри рушди иқтисодиёти миллӣ доимо дастгирӣ менамояд. Мо аз сидқи дил умедворем, ки халқи тоҷик дар кори бузурги сохтмони давлатӣ ва эҳёи миллати худ мунтазам ба комёбиҳои нав ноил мешавад.Дар давоми 20 соли баъди барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ равобити ҳамоягии нек, дӯстӣ ва хамкории байни Чин ва Тоҷикистон устуворона ривоҷ ёфта, натиҷаҳои дилхоҳ ба даст овардаанд. Боварии мутақобилаи сиёсии байни ҳар ду мамлакат утуворона мустаҳкам гардида, ҳамкории самарабахши миёни ҳар ду кишвар дар арсаҳои мухталиф муваффақиятҳои зиёде касб намудааст. Ҷонибҳо якдигарро аз рӯи масъалаҳои муҳиме, ки диққати тарафайнро ба худ ҷалб менамоянд, дастгирӣ намуда, дар корҳои байналмилалию минтақавӣ ҳамкорӣ мекунанд, ба корҳое, ки боиси сулҳу суботи минтақа ва ҷаҳон мегарданд, фаъолона саҳм мегузоранд.Ҷониби Чин ба рушди муносибатҳо бо Тоҷикистон аҳамияти хоса медиҳад. Моҳи июни соли равон ҳангоми ҳамоиши СҲШ дар Остона мо бо Шумо, Аълоҳазрат Ҷаноби Президент, мулоқоти дӯстона анҷом додем, ҷонибҳо перомуни рушди муносибатҳои ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкории миёни ҳар ду мамлакат афкори нави муҳими умумӣ ба даст оварданд. Соли 2012 соли 20 – солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии байни ҳар ду мамлакат мегардад, ҷониби Чин тайёр аст, ки якҷоя бо ҷониби Тоҷикистон барои муттасил пеш бурдани муносибатҳои Чину Тоикистон ба зинаи нав ба манфиати ду мамлакат ва халқҳои онҳо якҷоя саъю кӯшиш намояд.Ба Тоҷикистон шукуфоӣ ва ба халқи он бахту саодат орзӯ дорам. Ба Шумо тансиҳатии бардавом ва дар фаъолиятатон барору комронӣ таманно мекунам.Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар номаи табрикотии худ чунин менависад:Мӯҳтарам Эмомалӣ Шарифович !Шуморо бо 20 солагии Истиқлолиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи ҳамаи халқи Қазоқистон ва шахсан аз номи худам сидқан муборакбод мекунам. Иҷозат диҳед изҳори умедворӣ намоям, ки муносибатҳои байни Қазоқистону Тоҷикистон, ки дар анъанаҳои дӯстию эҳтиром қарор доранд, ба нафъи ҳамкории дуҷонибаи мутақобилан муфид мустаҳкам мегарданд ва рушд меёбанд. Аз ин фурсат истифода намуда, ба Шумо, мӯҳтарам Эмомалӣ Шарифович, тансиҳатии бардавом ва комёбиҳо дар фаъолиятатон ва ба халқи дӯсти тоҷик беҳбудию шукуфоӣ таманно дорам.Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Маҳмуд Аҳмадинажод ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи дорои мазмуни зерин ирсол намуд:Ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мӯҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон:Фаро расидани 20 – умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистонро ба Ҷаноби Олӣ, Давлат ва мардуми дӯсти он кишвар табрик мегӯям.Итминон дорам, Давлат ва мардуми Тоҷикистон бо такя ба собиқаи таърихӣ ва фарҳангӣ ва таҷрибаҳои арзишманди ду даҳаи истиқлоли он кишвар дар масири тавсиа ва пешрафт гом хоҳад бардошт ва дар ин масир аз ҳимояти Ҷумҳурии Исломии Эрон бархӯрдор хоҳад шуд.Умедворам, дар партави азму иродаи ҷиддии мақомот ва масъулони ду кишвар муносиботи дӯстонаи дуҷониба дар ростои манфиатҳои мутақобили мардумони ду кишвар беш аз пеш густариш ёбад. Аз Худованди муттаол саломатӣ ва муваффақияти Ҷаноби Олӣ ва сарфарозӣ ва некбахтии Давлат ва мардуми дӯст ва бародари Тоҷикистонро орзӯ дорам.Дар барқияи таҳнияти Президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳаммедов чунин гуфта мешавад:Мӯҳтарам Эмомалӣ Шарифович!Ба ман ҳаловати зиёде мебахшад, ки ба Шумо ва дар шахсияти Шумо ба халқи дӯсти тоҷик табрикоти самимонаи худро ба муносибати 20 — солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол дорам.Дар Туркманистон сатҳи мавҷудаи муносибатҳои мутақобилаи миёни мамлакатҳоямонро баланд арзёбӣ мекунанд. Боварии қатъӣ дорам, ки ин муносибатҳо ба нафъи халқҳои Туркманистону Тоҷикистон минбаъд ҳам босуръат рушд меёбанд ва мустаҳкам мегарданд. Аз ин имконияти хуш истифода намуда, ба Шумо тансиҳатии бардавом, саодату беҳбудӣ ва ба халқи дӯсти Тоҷикистон сулҳ, пешрафт ва шукуфоиро таманно дорам. Ҳомид Карзай, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Сарвари давлатамонро бо номаи зерин муборакбод намуд:Ҷалолатмаоб Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:Мусаррат дорам ба намояндагӣ аз мардуми Ҷумҳурии Исломии Афғонистон самимонатарин табрикоти хешро ба муносибати 9 – ҳуми сентябр, рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷалолатмаоби Шумо ва мардуми бародари Тоҷикистон тақдим намоям.Мардуми Афғонистон ба равобити дӯстонаи мавҷуд байни Афғонистон ва кишвари дӯсту бародари Тоҷикистон, ки бар пояи ҳусни ҳамҷаворӣ, эҳтироми мутақобил ва муштаракоти динӣ ва фарҳангӣ устувор аст, арзиши воло қоиланд.Кишвари бародари мо Тоҷикистон дӯсти бисёр наздик ва ҳамсояи неки Афғонистон буда, ки афғонҳо ҳамвора ба он ифтихор намудаанд. Мо зимни ин ки аз пешрафтҳои солҳои охир дар равобити ду кишвар истиқбол менамоем, хоҳони густаришу таҳкими ҳар чи бештари он дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мебошем.Сиҳат ва муваффақияти ҷалолатмаоби Шумо. рифоҳ ва саодати мардуми дӯсту бародари Тоҷикистон орзӯи ман аст. Ҳамчунин номаҳои табрикотӣ аз Президенти Конфедератсияи Швейтсария Мишлин Калми – Рей, Президенти Ҷумҳурии Итолиё Ҷорҷио Наполитано, Раиси Раёсати Маҷлиси Олии Мардумии Ҷумҳурии Мардумии Демократии Куриё Ким Ен Нам, Президенти Ҷумҳурии Литва Андрис Берзинш, Раиси Шӯрои Давлатӣ ва Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Куба Раул Кастро Рус, Президенти Ҷумҳурии Лаҳистон Бронислав Комаровски, Императори Ҷопон Акихито, Шоҳи Арабистони Саудӣ Абдулло ибни Абдулазиз Оли Сауд ва Шоҳзодаи Меросхӯри Шоҳигарии Арабистони Саудӣ амир Султон ибни Абдулазиз Оли Сауд, Шоҳи Белгия Алберт, Президенти Ҷумҳурии Куриё Ли Мун Пак, Дабири Кулли Шӯрои Аврупо Тернберн Янгланд, Дабири Кулли Хартияи Энергетикӣ Андрэ Мерне, Президенти Бонки Сармоягузории Аврупо Филипп Майнштадт, Дабири Кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ Николай Бордюжа ва дигарон расидааст.Расиди номаҳои табрикотӣ ба унвонии Президенти мамлакат ба муносибати бистумин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.