Нутқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матуботии ШСД ИДМ (ш.Душанбе, 3 сентябри соли 2011)

Сентябрь 5, 2011 16:17

Намояндагони мӯҳтарами васоити ахбори омма,хонумҳо ва ҷанобони мӯҳтарам,Бо асоси комил метавон гуфт, ки иҷлосияи душанбегии Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ на фақат натиҷабахш, балки аз нигоҳи муҳокимаи дурнамои рушду таҳкими минбаъдаи қудрати Созмони мо низ басо муҳим буд.Мо ҷамъбасти фаъолияти Иттиҳод тайи 20 сол ва вазифаҳои асосии дурнаморо муфассал мавриди муҳокима қарор додем. Изҳороти қабулшудаи сарони давлатҳои аъзои ИДМ самараи табодули озоду амалии афкор роҷеъ ба роҳи тайшуда ва фароҳам овардани он шароите гардид, ки имкон медиҳад, афзалиятҳои ҳамгироӣ, хусусан дар бахши савдо ва иқтисодиёт, зуҳур гарданд.Яке аз чунин шароит зарурати ҷиддан беҳтар намудани сифати механизмҳои ҳамгироӣ — чи дар бахшу банди миллӣ ва чи дар бахшу банди байналмилалӣ буд. Дар ин маврид масъалаи ҷараёни иҷрои Нақшаи тадбирҳои асосӣ бобати татбиқи Консепсияи рушди минбаъдаи Иттиҳод, ки чор сол муқаддам дар ин ҷо, дар шаҳри Душанбе қабул шуда буд, аҳамияти хоса пайдо намуд. Бояд аз рӯи масъалаҳои мақоми ҳуқуқии қарорҳои мақомоти ИДМ, таъмини ӯҳдадориҳои ба зиммагирифтаашонро иҷро намудани давлатҳо, ҳамчунин мониторинги татбиқи онҳо фикри ягона рӯи кор оварда шавад. Имрӯз ҳамкории иқтисодӣ чун авлавият эътироф мешавад. Зеро ҳамкории самарабахши тиҷоратию иқтисодӣ шарти зарурии рушди устувори кишварҳои Иттиҳод аст.Имрӯз зарурати анҷом бахшидани ташаккулёбии минтақаи савдои озод назаррас аст.Хурсандиовар аст, ки вақтҳои охир дар ҳуҷҷатҳои ИДМ ва дар амалияи фаъолият ба навсозии иқтисодиёти миллӣ таваҷҷӯҳи зиёде дода мешавад. Аслан дар бахши инноватсионӣ барои мавқуф нагузоштани сатҳи басо қафомондаи рушди саноати бархе мамлакатҳои аъзои ИДМ бояд кори зиёде анҷом дода шавад. Дар робита бо ин, дар мо ва дар мамлакатҳои аъзои ИДМ ба лоиҳаи барномаи мақсадноки байнидавлатии ҳамкории инноватсионии давлатҳои аъзои ИДМ барои давраи то соли 2020 умеди зиёде карда мешавад.Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарорҳои Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳодро аз рӯи ҳамаи масъалаҳои рӯзнома имзо намуд. Мо ба Барномаи ҳамкории давлатҳои аъзо дар амри муборизаи зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ барои солҳои 2012 – 2014 ва ҳуҷҷатҳои дар ин ҷо қабулшудаи ҳамкории бисёрҷониба аз рӯи масъалаҳои муборизаи зидди терроризм ва зуҳуроти дигари зӯроварии экстремизм аҳамияти хоса медиҳем.Инҳо иборат аз созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар мавриди таъминоти моддию техникӣ ва тарбияи мутахассисони ҷузъу томи зиддитеррористӣ дар донишкадаҳои мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои Иттиҳод мебошад. Созишнома дар бораи ташкили амалиёт дар чаҳорчӯбаи системаи муттаҳиди қувваҳои мудофиаи зидди ҳуҷуми ҳавоии давлатҳои аъзои ИДМ дар сурати ба даст омадани маълумот дар бораи ғасб ё рабудани киштии ҳавоӣ низ аз ҷумлаи онҳост. Фикри сарони давлатҳо дар ҷараёни иҷлосия аз рӯи масъалаи қабулу татбиқи созишнома перомуни абадӣ гардонидани хотираи диловарию қаҳрамонии халқҳои давлатҳои аъзо дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 як буд.Ба ҳамин тариқ, метавон хулоса кард, ки ба манзури ба таври возеҳ дарк намудани фаъолияти минбаъда ва муайян сохтани роҳҳои мушаххасу усулҳои истифодаи механизмҳои дастаҷамъии ҳамгироӣ чораҳои нави зарурӣ дида шудаанд.Дар иҷлосия дар бораи соли 2012 ба Туркманистон гузаштани раёсат қарор қабул шуд. Мо дӯстони туркманамонро бо ин тасмим муборакбод намуда, ба онҳо дар амри пешравии равандҳои ҳамгироӣ дар чаҳорчӯбаи Иттиҳод муваффақиятҳои зиёдеро таманно дорем.

Сентябрь 5, 2011 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад
6 август дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 август, сешанбе, 217-умин рӯзи соли 2025 аст
Имрӯз дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 20 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд
Дар марказҳои саратоншиносии Тоҷикистон низоми муосири бойгонӣ ва интиқоли аксҳои рентгенӣ татбиқ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор ариза барои гирифтани замин дар баррасӣ қарор дорад
5 август дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар заминҳои соҳили дарёи Зарафшон ва мавзеи Киштӯдак 1350 бех ниҳоли павловния парвариш карда мешавад