Оғози соли нави таҳсил

Сентябрь 1, 2011 11:43

Душанбе, 1 cентябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — Имрӯз,   1 сентябр,  дар саросари ҷумҳурӣ соли нави таҳсили 2011-2012  бо Рӯзи дониш ва дарси  сулҳ оғоз ёфта, занги аввал садо дода,  бори нахуст беш аз 160 ҳазор нафар кӯдакон пой бар остонаи дабистонҳо гузоштанд. Назар ба иттилои Ноилшо Нуралиев, сардори маркази матбуоти Вазорати  маорифи ҷумҳурӣ,  дар соли таҳсили 2011-2012 дар ҷумҳурӣ  зиёда аз  140  мактаби наву замонавӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки  дорои тамоми шароити хуби таҳсиланд. Дар ҷумҳурӣ беш аз 3 ҳазору 700 мактаби таҳсилоти умумӣ фаъолиятдошта, дар онҳо зиёда аз 1 миллиону 600 ҳазор хонанда ба таҳсил фаро гирифта мешавад.Бояд зикр кард, ки ҳазамон дар Рӯзи дониш субҳи барвақт Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ташриф овард. Сардори давлати Тоҷикистон бо дастовардҳои илмию эҷодии донишҷӯёни ин даргоҳи маърифат ошно гардида, бо хонандагону донишҷӯёни донишгоҳ сӯҳбат намуд.Президенти Тоҷикистон зимни суханронияш доир ба сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди рушди соҳаи маориф ва дурнамои он  ибрози назар карда, оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи донишро ба ҳамаи  донишҷӯён ва устодон табрик гуфт. Мулоқоти Президенти ҷумҳурӣ ба таври мустақим тавассути шабакаҳои телевизионии давлатӣ пахш гардид.Мавриди зикр аст чунин мулоқоту вохӯриҳои анъанавию судманди Сардори давлати  Тоҷикистон дар оғози соли нав таҳсил шаҳодатест аз ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушди соҳаи маориф, ки яке аз омилҳои асосии густариши ҷомеа ба шумор меравад.     

Сентябрь 1, 2011 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Носири Хусрав тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шуд
«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд