Оқил Оқилов мукофот супорид

Сентябрь 6, 2011 16:08

Душанбе, 6 сентябр.(АМИТ «Ховар», Назокат Қодирова). — Имрӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов маросими сарфароз гардонидани кормандони пешқадами соҳаи энергетика ва саноати ҷумҳурӣ баргузор гардид.Сарвазири кишвар перомуни ба даст овардани сулҳу субот дар чумҳурӣ ва дастовардҳои ноилгардида ҳарф зада, кормандони соҳаи энергетика ва саноатро бо ҷашни 20 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.Сипас ба 3 нафар кормандони соҳаи энергетика ва саноат медали ҷашни 20 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба 3 нафар медали Хизмати шоиста, ба 1 нафар Ифтихорнома супорида шуда, ба 1 нафар унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон дода шуд. Мукофоти давлатиро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон О.Оқилов супорид.

Сентябрь 6, 2011 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон