Омодагии “Барқи Тоҷик” ба зимистон

Сентябрь 23, 2011 12:44

Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Маълум аст, ки фаъолияти мунтазами иқтисодиёт дар давраи тирамоҳу зимистон бе таъминоти кофии қувваи барқ ғайриимкон аст. Бинобар ин, омодагии ҳамаҷонибаи системаи энергетикии мамлакат аз масъалаҳои муҳими давлатӣ ба шумор меравад. Ширкати “Барқи Тоҷик” ҷиҳати амалӣ намудани корҳои таъмирию профилактикии таҷҳизоти асосӣ ва ёрирасони нерӯгоҳҳо ва шабакаҳои барқии ҷумҳурӣ барои тайёрӣ ба мавсими дарпешистода Нақшаи чорабиниҳоро иборат аз 410 номгӯй тартиб додааст, ки аз ин миқдор 238 номгӯи он пурра ва 102 номгӯй қисман иҷро шуда истодааст.  Барои иҷрои ин корҳо  давоми 8 моҳи соли ҷорӣ дар ҳаҷми 43,2 млн. сомонӣ маблағ сарф шудааст, аз ҷумла, дар  Нерӯгоҳи Норак барои иҷрои корҳои таъмири таҷҳизоти асосию ёрирасон аз аввали соли ҷорӣ  3,3 млн. сомонӣ, дар Нерӯгоҳи “Бойғозӣ” — 563  ҳазор сомонӣ,  Нерӯгоҳи  “Қайроққум” — 762  ҳазор сомонӣ,   силсилаи нерӯгоҳҳои барқи обии Вахш – 485 ҳазор сомонӣ, Варзоб – 186 ҳазор сомонӣ  азхуд  шудааст.Ширкати “Барқи Тоҷик” барои таъмини саривақтии корхонаҳои зертобеи худ дар 8 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи зиёда аз 107  млн. сомонӣ маводи сӯхт, равғанҳои молиданӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ равона кардааст. Аз ҷумла, 96 адад трансформаторҳои 100-1000 кВолт ампер, 132 адад маҷмӯи зеристгоҳи трансформаторӣ, миқдори зарурии ноқилу кабел, равғанҳои трансформаторӣ ва турбинӣ ва дигар маводи зарурӣ харида васл намудааст. Инчунин аз ҳисоби маблағҳои худӣ сохтмони як  қатор иншооти  ҳаётан муҳими энергетикиро дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба маблағи 35 млн. сомонӣ ба анҷом расонидааст. Аз ҷумла, зеристгоҳи барқии “Исмоилов” 110/35/6 бо трансформатори иқтидори 16 ҳазор кВа (киловолт ампер) дар шаҳри Кӯлоб, зеристгоҳи барқии “20-солагии Истиқлолият” 110/35/6 бо трансформатори иқтидори 10 ҳазор кВолт ампер дар шаҳри Қурғонтеппа ба истифода дода шуд. Ин имкон медиҳад, ки эътимоднокии таъминоти барқ дар ин шаҳрҳо таъмин гардад.Ҳамчунин бо мақсади пайваст намудани минтақаҳои шимоли ҷумҳурӣ ба системаи ягонаи энергетикии кишвар ва таъминот бо қувваи барқи истеҳсоли ватанӣ бо истифода аз маблағҳои Ширкат дар зеристгоҳи «Бӯстон-200” дар ноҳияи Мастчоҳ бо васли трансформатори иқтидораш 32 ҳазор кВолт ампер, сохтмони хати интиқоли барқи  110 кВолт бо дарозии 12,5 км, хати интиқоли барқи 35 кВолт бо дарозии 25 км ва хати интиқоли барқи 220 кВолт “Суғд – Хуҷанд” бо дарозии  12 км ба анҷом расонида шуд.

Сентябрь 23, 2011 12:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст