Ордени Исмоили Сомонӣ. Дараҷаи 1 ба Пан Ги Мун

Сентябрь 27, 2011 11:50

Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 26 сентябри соли 2011 дар Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун мулоқот анҷом дод. Дар оғоз, Ҳамрохон Зарифӣ ба Пан Ги Мун аз номи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ордени Исмоили Сомонӣ. Дараҷаи 1-ро барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои созанда ва ҳамкориҳои гуногунҷанбҳаи Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилотҳои дигари байналмилалӣ ва минтақавӣ, таъмини сулҳи ҷаҳонӣ ва амнияти минтақавӣ, мусоидати ҳамаҷониба ба раванди рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон супорид. Пас аз маросими супоридани орден сӯҳбати вазир бо Дабири кулл сурат гирифт, ки дар рафти он ҳамкории ҷорӣ миёни Тоҷикистон ва СММ ва дурнамои он, вазъ дар минтақаи Осиёи Миёна ва Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ иттилоъ доданд.

Сентябрь 27, 2011 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш