Президенти нави Абҳозистон савганд ёд кард

Сентябрь 27, 2011 11:05

Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар»). — Дар пойтахти Абҳозистон маросими савганди президенти нави ҷумҳурӣ Александр Анкваб баргузор гардид. Дар ин маросим ӯ қасам ёд карда, нишонаҳои ҳокимияти президентиро аз ҷумлаи мӯҳр ва парчами президент ба даст овард. Анкваб, ки то вақтҳои охир мансаби ноиби президентро иҷро менамуд, моҳи август дар интихобот 54 фоизи овозҳоро ба даст оварда, ғалаба кард.

Сентябрь 27, 2011 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш