Раддияи сарраёсати қушӯнҳои сарҳадии КДАМ ҶТ

Сентябрь 1, 2011 14:44

Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Рӯзҳои охир дар саҳифаҳои интернет бо номи «Қӯшунҳои сарҳадии тоҷик сагҳои амрикоиро куҷо карданд?» («Что таджикские погранвойска сделали с американсками собаками?») мақолаи тӯҳматангез ва иғвогарона нисбат ба сарҳадбонони қӯшунҳои сарҳадӣ дарҷ гардид. Ҳамчунин дар рӯзномаи «ИмрӯзNews» мақолаи «Сарҳадбонони сагхӯри тоҷик» чоп шуд, ки дар он сарҳадбонони тоҷик зери маломати беасос мондаанд.Нисбат ба ин маркази матбуоти қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ ба АМИТ «Ховар» изҳор менамояд, ки ҳамаи далелҳои дар мақола овардашуда дурӯғи маҳз мебошанд, чунки курси тайёрии сарбози ҷавон на 40 рӯз, балки 3 моҳро ташкил намуда, пас аз ин омодагии махсуси сарбозон аз рӯи ихтисосҳои ронанда, алоқачӣ, ошпаз ва ғайра оғоз мегардад, ки дар он сарбозон боз се моҳи дигар (ҳамагӣ шаш моҳ) дарс меомӯзанд.Ғайр аз ин, Бюрои оид ба муборизаи зидди маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи Департаменти давлатии ИМА ба сарҳадбонони тоҷик умуман ягон саг надодааст. Сарҳадбонони тоҷик дар ин дидбонгоҳҳо сагҳои хизматиро нафурӯхтаанд, чунки онҳо дар дидбонгоҳҳои сарҳадии Боғ ва Баҳорак саг надоштанд. Нисбат ба ҳолати дидбонгоҳҳои сарҳадии Боғ ва Баҳорак манбаъ изҳор менамояд, ки соли 2007 бо кӯмаки Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дидбонгоҳи Боғ ба маблағи 244 ҳазору 539 доллар, дидбонгоҳи Баҳорак ба маблағи 224 ҳазор доллар, ҳамагӣ ба маблағи 468 ҳазору 539 доллари ИМА аз таъмири асосӣ бароварда шудаанд. Ин дидбонгоҳҳо аз беҳтаринҳо маҳсуб ёфта, хобгоҳи сарбозон ошхона ва ҳаммом доранд. Ммрикоиҳо мутобиқи барнома дидбонгоҳҳоро бо таҷҳизот, аз ҷумла бо кату бистарҳои хоб таъмин намудаанд. Ба рӯзноманигорони тоҷик, ки ин гуна мақолаҳоро ба тарзи кофӣ насанҷида, дар матбуоти даврӣ воҳима андохта чоп менамоянд, изҳор медорем, ки пеш аз ҳама бояд ватандӯст бошанд, сарҳадбонони тоҷикро, ки шабу рӯз дар ҳимояи марзи Ватан мебошанд, санги маломат назананд. Роҳбарияти қӯшунҳои сарҳадӣ омода аст намояндагони «ИмрӯзNews»-ро ба дидбонгоҳҳои номбурда роҳбаладӣ намояд, то ин ки онҳо бо шароити зисту зиндагии сарҳадбонон бевосита шинос шаванд.

Сентябрь 1, 2011 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст