Рушди бесобиқаи саноат дар Кӯлоб
Душанбе, 8 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тавре аз дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар солҳои истиқлолият соҳаи саноати шаҳр бесобиқа пеш рафт. Агар то соли 1990 дар ин шаҳр 8 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуда бошад, айни замон дар маркази шаҳр 24 корхонаи гуногуни саноатӣ, аз ҷумла корхонаҳои саноатӣ оид ба коркарди пахта, пилла, маҳсулоти нафтӣ, маводи ғизоӣ ва консервакунонӣ фаъолият доранд.Ба таври дигар, дар давраи истиқлолият 16 корхонаи саноатӣ бунёд ва ҳазорҳо ҷойи нави корӣ ташкил шуд. Истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ рӯ ба афзоиш аст. Танҳо соли 2010 дар ҳаҷми 100 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст. Муҳим он аст, ки аксари корхонаҳои саноатӣ фаъолияти худро бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ мондаанд. Бо ташаббуси яке аз соҳибкорни ватанӣ дар арафаи ҷашни истиқлолияти давлатӣ корхонаи дӯзандагӣ барои 600 ҷойи корӣ дар ду баст ба кор оғоз кард. Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби корхонаҳои давлативу хусусӣ беш аз 30 ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё гардид, ки дар таърихи шаҳр беназир аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд






