Рушди инфрасохтори гумрукию сарҳадӣ

Сентябрь 15, 2011 16:33

 
Душанбе, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).- Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди инфрасохтори гумрукию сарҳадӣ, аз ҷумла ба ободонии гузаргоҳҳои сарҳадӣ аҳамияти муҳим медиҳад. Чунинчи, тайи солҳои 2006-2010 аз ҳисоби маблағҳои махсуси Хадамот ва бо ҷалби кӯмакҳои хориҷӣ сохтмони дидбонгоҳҳои гумрукии «Айвоҷ», «Патар», «Қӯштегирмон», «Маданият», «Гулистон», «Панҷи поён», «Терминал»- и шаҳри Қӯрғонтеппа, «Терминал»-и ноҳияи Мурғоб ва таъмири 8 гумруку дидбонгоҳи гумрукии «Душанбе-1», «Ишкошим», «Кокул», инчунин бинои Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони мақомоти гумрук мавриди истифода қарор гирифт.Чанде пеш сохтмони дидбонгоҳи гумрукии «Ҷиргатол», ки дар доираи Лоиҳаи замонависозии гумрук ва рушди инфрасохтор, ки тибқи созишномаи қарзии миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд амалӣ шуда истодааст, ба анҷом расид. Дидбонгоҳи мазкур бо воситаҳои техникии муосир, аз ҷумла бо таҷҳизоти махсуси назорати гумрукии «Рапискан» пурра таъмин гардида, ба системаи ягонаи иттилоотӣ пайваст шудааст.

Сентябрь 15, 2011 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст