Соҳаи занбӯрпарварӣ инкишоф меёбад

Сентябрь 20, 2011 17:01

Файзобод, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). – Занбӯрпарварӣ соҳаи камхароҷот ва сердаромад ба ҳисоб рафта, асоси кори онро парваришу нигоҳдорӣ ва истифодаи занбӯри асал барои гардолудсозии набототи энтомофилӣ ва боло бурдани ҳосилнокии соҳа ташкил медиҳад. Бахусус тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯрпарварӣ» ҳамаи хоҳишмандон, шахсони воқеию ҳуқуқӣ, ҳамчунин ташкилоту корхонаҳо имкон доранд, ки ба парвариши занбӯри асал машғул шаванд. Беҳтарин асалпарварони ноҳияи Файзобод ба он мекӯшанд, ки баробари ба мардум асали тозаю хуштаъм пешкаш намудан дигар намудҳои маҳсулоти занбӯри асал — мум, шири занбӯр, заҳри занбӯр, ширеш, гарди гулро низ ба роҳ монанд. — Айни замон дар ноҳия 5 ҳазору 508 оилаи занбӯри асал парвариш меёбад ва ҳамасола то 700 – 800 оилаи занбӯрро зиёд менамоем, иброз намуд ҳангоми сӯҳбат сарвари раёсати кишоварзии ноҳия Ҳукматулло Қодиров. Ӯ афзуд, ки соли ҷорӣ истеҳсоли асал дар ноҳия тибқи барномаи мазкур ба 53 тонна хоҳад расид ва он бозгӯйи инкишофи соҳа дар ноҳия мебошад.

Сентябрь 20, 2011 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид