Созишномаҳои нави Тоҷикистону Русия
Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). — Нимаи дуюми рӯзи 2 сентябр барномаи боздиди расмии Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон дар Қасри Миллат бо маросими истиқболи расмӣ оғоз ёфт.Масоили ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистону Русия нахуст дар мулоқоти хоссаи сарони ду давлат бо иштироки ҳайатҳои ду ҷониб баррасӣ шуд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамчунин бо минтақаҳои гуногуни Русия беш аз 75 созишномаи муҳими ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Баъди анҷоми мулоқоту музокирот бо иштирок ва дар ҳузури сарони ду давлат чанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:Протоколҳо доир ба ҳамкории сарҳадӣ миёни Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии амнияти Федератсияи Русия;Барномаи ҳамкории иқтисодӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия барои солҳои 2011-2014;Сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев ба Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории сарҳадӣ ва Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Федератсияи Русия имзо гузоштанд.Зимни нишасти матбуотӣ сарони ду давлат аз натиҷаи мулоқоту музокироти расмӣ изҳори қаноатмандӣ карда, дурнамои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русияро дорои дурнамои пурмӯҳтаво арзёбӣ намуданд.«Имрӯз робитаҳои Тоҷикистону Русия, ки ба принсипҳои шарикии стратегӣ асос ёфтаанд, тамоми соҳаҳои калидӣ, аз ҷумла сиёсат, иқтисод, сармоягузорӣ, савдо, ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ, гуманитарӣ ва ғайраро фаро мегиранд», — изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Дмитрий Медведев дар навбати худ мулоқоти пайвастаи сатҳи олии сиёсии ду кишварро омили рушди муносиботи дуҷониба номида, аз 12% дар соли 2010 афзудани ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот изҳори қаноатмандӣ намуд. Бо қаноатмандӣ ҳамчунин таъкид гардид, ки ин тамоюли нек имсол низ идома дорад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд






