Таҷлили 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар СММ
Душанбе, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 12 сентябри соли 2011 дар бинои Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёфати расмӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ роҳбарият ва кормандони масъули котибот ва сохторҳои гуногуни СММ, сафирон ва дипломатҳо, тоҷикон ва тоҷикистониёни муқими Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, аҳли ҳунар ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд. Ба муносибати ҷашни Истиқлолият толорҳои пазироии Намояндагии доимӣ бо нигораҳои рассомони шинохтаи тоҷик Леонид Хушвахтов, Сӯҳроб Қурбонов ва Фаридун Неъматзода, инчунин намунаҳои ҳунарҳои миллии тоҷикӣ оро дода шуда буданд. Ба самъи меҳмонон дар иҷрои ҳунарпешагони тоҷики муқими Ню-Йорк таронаҳои миллӣ пешкаш гардид. Барои меҳмонон дастархони идонаи тоҷикӣ густурда шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ВКХ ҶТ иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






