Таъсиси бунгоҳҳои фосилавӣ

Сентябрь 8, 2011 10:31

Душанбе, 8 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти муовини ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (ДТТ) Субҳонқул Камолиддинов, дар заминаи донишгоҳи мазкур беш аз 10 сол боз маркази таҳсилоти фосилавӣ амал мекунад.Ба иттилои манбаъ, маводи таълимиву методии маркази таълими фосилавӣ аз Донишгоҳи давлатии иқтисоду омор ва Донишкадаи технологии хӯлаву пӯлоди шаҳри Маскав дастрас карда шудааст. Бо ёрии ин донишкадаву донишгоҳ китобҳои зиёди электронӣ вориди маркази таҳсилоти фосилавӣ гардонида шудаанд. Донишҷӯёни ДТТ ба номи М. Осимӣ ҳамарӯза имкони истифодаи китобхонаи электрониро пайдо намуданд. Тавассути ин китобхона дари донишгоҳу донишкадаҳои шаҳри Маскав барои донишҷӯёни ДТТ  ҳамеша кушодааст.- Мо  дар қаламрави кишвар имкони ҷорӣ намудани таҳсилоти фосилавиро дорем. Тасмим гирифтаем дар маркази вилоятҳои ҷумҳурӣ  бунгоҳҳои таҳсилоти фосилавиро  таъсис диҳем,- иброз дошт С. Камолиддинов ба мухбири АМИТ «Ховар».

Сентябрь 8, 2011 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад