Театри опера ва балет мавсими навро оғоз мекунад

Сентябрь 16, 2011 13:08

Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина. – 17 сентябр мавсими 71 – уми Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ бо намоиши операи «Ибн Сино» — и бастакор Мустафо Бафоев оғоз меёбад.Мувофиқи суханони директори театр Холмат Маҷидов, мавсими имсолаи театр мавсими ҷашнист, бинобар ин ҳамаи фаъолияти эҷодии он ба 20 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад.Қобили зикр аст, ки 30 сентябр консерти овозхони театр Содиқ Нуруллоев ба ифтихори ба вай додани унвони Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Сентябрь 16, 2011 13:08

Хабарҳои дигари ин бахш