Тоҷикистон-меҳани зебои ман!

Сентябрь 2, 2011 15:24

Ба истиқболи 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонМан намедонам чӣ сон тасвир созам бо сухан,Рангу бӯи беназиру дилкашатро эй Ватан…Дар бораи кишваре, ки бо кӯҳҳои пурганҷу осмонбӯсаш, бо чашмаҳои шифобахшу мусаффояш, бо замини ҳосилхезу тамаддуни оламгираш ақлҳову дилҳоро тасхир кардааст, сухани арзандаву шоиста гуфтан душвор аст.Зеро ин зебодиёрро, ин макони чун биҳиштро ҳарчанд мадҳу сано гӯем кам аст. Ин сарзамини бостонӣ – номаш Тоҷикистон аст. Ин мулки мардони банангу номус қадамгоҳи бузургтарин шоирон, олимон ва пешвоёни дини мубини ислом аст. Оре, ин ҷо меҳани родмардону тоҷдорон аст!Ин мулки биҳиштосои дорои зиёда аз 300 рӯзи офтобӣ бо меваҳои ширину лазизу шаҳдбор, бо мардуми меҳнатдӯсту меҳнатқарин, бо гулдухтарони зебою дилрабо ва бо табиати сарсабзу фусункораш дили ҳар бинандаро тасхир кардааст.Оре, кам аст дар дунё кишваре, ки Худованд чунин ганҷҳои бебаҳоро насибу рӯзӣ карда бошад. Шукри беадад ба парвардигори одаму оламиён, ки Тоҷикистони азизи моро пурфайзу бобаракат ва пурганҷу босаховат офаридааст.Ҳини таваллуд хуни нофи мо дар ин сарзамин рехтааст ва мо то умр ҳаст бо ин обу хок решапайвандем. Аз шири лазизу ҷонбахш, суханони ширину нони болаззати модар, ҳавои форам ва оби мусаффои чашмаҳои деҳу дара ва сӯҳбати дӯстони ҳамсолу ҳамроз ғизои моддию маънавӣ гирифта, ба воя расидаем. Пас Ватан такягоҳ аст, Ватан пушту паноҳ аст! Ватан имрӯзу ояндаи мост! Ватан умеду орзуҳои ширину рангини мост.Биёед, эй азизон ҷамъ бошем,Барои ҳамдигар чун шамъ бошем.Ватан обод гардад чун ба роҳаш,Вафодору ба ному нанг бошем.Бале, мо бояд шукронаи ҳамин Ватан кунем. Шукронаи ҳамин обу хок ва ин сарзамин кунем. Зеро мегӯянд: Шокиронро дӯст медорад, Худо!Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик ва фарзандони бономуси он тӯли таърихи ҳазорсолаҳо мутассил аз пайи донишу омӯзиш будаанд ва миёни халқҳои Осиёи Миёна мудом бо донишу хиради аҷдодии худ фарқ мекарданд. Ин миллат шаҳрсозу тамаддунофар буду ҳаст. Агар тамаддуни Юнон эҳёгари маданияту фарҳанги Аврупо шуда бошад, ҳамин вазифаро дар Осиёи Миёна миллати тоҷик ва давлатдории тоҷикон адо карда тавонист. Ва он маданияти Юнон низ аз тамаддуни ориёнажодон сарчашма мегирад. Ба қавли Ҳофизи бузург:Оинаи Сикандар ҷоми Ҷамаст бингар,То бар ту арза дорад, аҳволи мулки Доро.Шояд ҳазорҳо ва миллионҳо гузаштагони мо дар орзӯи Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ҷон ба ҷонофарин супоридаанд. Хеле манбаи хурсандӣ, ҷои шодию фараҳмандӣ ва сарафрозиҳои бемисл аст, ки Худованд Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро маҳз дар даврони мо амалӣ гардонид. Яъне, 9 сентябри соли 1991. Мо ин неъмати бебаҳоро чун гавҳараки чашм ва ин гавҳари худододро чун гаронбаҳотарин ва боарзиштарин дастовард ва комёбии бузург нигаҳбонӣ мекунем ва онро бо ҳушёрии баланди зираконаи сиёсӣ ҳифз менамоем. Ҳарчанд бо душвориҳо ва монеаҳои ҷиддӣ мо пеш меравем, Ватанамонро обод мекунем, роҳҳо мекушоем, нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқӣ бунёд мекунем. Истиқлолият ва ваҳдати миллиро таҳким мебахшем. Аз таърихи давлатдориҳои гузаштаи хеш сабақ мегирем, сулҳу амният, Ваҳдату ҳамдигарфаҳмиро дар кишварамон тақвият мебахшем.Оре, мо Истиқлолияти миллӣ ба даст овардем, Парчаму Суруди миллӣ ва дигар арзишҳои муқаддасро дар китоби асосии миллат сабт кардем. Истиқлоли мо осон ба даст наомад, душмани бадбину ҷангхоҳи тоҷикон бар сари миллати бузургу тоҷбарсари мо мусибат овард. Тоҷикро сарсону овора бар кӯҳу пуштаҳо бурд. Занону модарон ва тифлони маъсуми моро гирён сохт. Ҳазорҳо ҷавонони аз сад гул як гулашон ношукуфтаро гулгулкафан кард. Касеро ба ояндаи неку осоиштаи Ватан умеде набуд. Ба таъбири дигар киштии бахти тоҷикон ҳини ғарқшавӣ дар дарёи балою пурталотум буд. Ҳамин лаҳза Худованд шахсеро чун ғаввоси моҳир, чун паҳлавони афсонавӣ, чун фидокори бемислу монанд ҳозир кунонд, ки бо таъбирҳои бузургу оқилонааш чун ҳазрати Юсуф бо суханҳои ҷаззобу таъсирбахшаш чун Левитан ва Ситсерон ва бо ҷасорати бемислу монандаш чун Рустами достон дар дили тоҷикон шӯълаи умеду орзу ва дар қалби душманон ваҳму ҳаросро барангехт.Оре, бахти миллати тоҷик баландӣ кард. Фарзанди бонангу ори миллат дил дар кафи даст нотарсона аз ҷой бархост. Тоҷи Каён бар сар кард, миллати тоҷикро соҳибӣ кард! Ин фарзанди асилу дилбанди миллат, Қаҳрамони халқ – Эмомалӣ Раҳмон аст, ки фахри мост!Истиқлолу якдилӣ ва ба ҳам омаданҳо моро сари дастархони ҳам овард, бародар бародарро оғӯш гирифт, паи ободии Ватан камар баст.Истиқлолияти давлатӣ гӯшаю канори кишвари зебои Тоҷикистонро ободтару зеботар намуд. Барои ҷавонон имкониятҳои васеъ дод, то илм омӯзанду соҳиби касб шаванд. Ватанро обод кунанд, ояндаи рахшону шукуфони насли ин миллатро муҳайё созанд. Ҷои хурсандист, ки дар муддати қариб 20 сол зиёда аз 1000 мактаби хурду бузург сохта шуд. Тадриҷан мактабҳо бо техникаву таҷҳизоти навтарин таъмин мешаванд. Ва боз сохтмони садҳо мактаб ва муассисаҳои таълимӣ оғоз мешавад. Бале, қулфкушои ҳама дарҳост илм!Дар халқ мегӯянд «Рӯзатро фурӯшу рӯшноӣ хар!» Шукри беадад ба парвардигори оламиён, ки Тоҷикистон аз ҷиҳати захираҳои гидроэлектрикӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро мегирад.Барномаи рушди соҳаи электроэнергетикии кишвар бо мақсади таъмини Истиқлолияти энергетикии мамлакат давра ба давра дар амал тадбиқ гардида истодааст. Пурра ба истифода додани Нерӯгоҳи барқӣ обии «Сангтӯда-1», бунёди ХИБ 220 кв «Лолазор-Хатлон», бунёди ХИБ 500 кв «Ҷануб-Шимол», ки системаи энергетикии моро воҳид ва истиқлолияти энергетикии кишварро наздиктар намуд. Пурра ба истифода додани нерӯгоҳи «Помир-1», вусъати корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» номгӯи нопурраи муваффақияти энергетикҳои тоҷик аст, ки дар солҳои Истиқлолият, бо дастуру нишондодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо ноил гардидем.Имрӯз дар олами муосир норасоии барқ дар пешрафтатарин давлатҳои дунё низ ба назар мерасад. Баҳри рафъи ин норасоӣ ду омил мавҷуд аст – бунёди иқтидорҳои нав ва аз иқтидорҳои мавҷуда сарфакорона истифода бурдан. Тоҷикистон дар муддати кутоҳ аз ҳисоби фурӯзонакҳои каммасраф баробари истеҳсоли як нерӯгоҳи барқӣ фоида ба даст овард. Ғайр аз ин дар тамоми дарёҳои ҷумҳурӣ зиёда аз 241 адад нерӯгоҳи хурди барқӣ обӣ сохтаанд. Аз ҷумла, зиёда аз 30-тои он дар соли 2010 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Нақшаи сохтмон ва баҳрабардорӣ аз нерӯгоҳҳои хурди обии барқӣ бомуваффақият идома дорад. Оре, ин кишвар кишвари нурофарин аст. Ин ҷо нур тавлид мекунад. Ханҷари буррои нур синаи зулмотро мешикофад. Бале, барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза дар Тоҷикистони азизи мо тавлид мешуд ва тавлид мешавад. Худованд ба кори нурофарон барору нерӯи тоза ато фармо!Қаблан дар афсонаҳо мехондем, ки Фарҳоди кӯҳкан синаи кӯҳро шикофта об овардааст. Аммо ин танҳо дар қиссаҳо идома меёфт. Инак, дар ҳамин солҳои Истиқлолият афсона ба ҳақиқат табдил ёфт. Сохтмони нақби Истиқлол, Шаҳристон ва Шаршар ин номгӯи нопурраест, ки дар ҳамин солҳо ба вуқӯъ омад. Ин имкон медиҳад, ки ҷумҳурӣ тадриҷан аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфта ба чор самти дунё роҳҳои беиллату беминнатро кушояд.Сад шукр, ки имрӯз Тоҷикистони мо соҳибистиқлол гаштаасту озоду соҳибихтиёр аст. Истиқлолият моро боз ҳам ба расму оин ва дини мубини ислом наздиктар кард. Ба ҷашни 1310 солагии фарзанди бузурги халқи тоҷик Абӯҳанифа, ки машҳур ба Имоми Аъзам аст, аз 50 давлати ҷаҳон намояндаҳо омаданд ва суханҳое гуфтанд, ки тоҷикро бо аслаш мешиносанд.Яке аз самараҳои дигари Истиқлол ин аст, ки Тоҷикистон тоҷикони ҷаҳонро ба ҳам овард ва дари худро ба ҳаммилатони бурунмарзӣ боз намуд.Хуҷаста бошадо, иқболи тоҷик,Ба парвози навин шаҳболи тоҷик.Гар истиқлолаш истиқбол дорад,Ҳумоюн бод Истиқлоли тоҷик.ЛоиқҶашни истиқлол дорад халқи олишони мо,Ҷилва дорад аз тароват мулки бепоёни мо.Дар диёри мо баҳори дӯстӣ гул кардааст,Мефизояд з-ин сабаб ҳам шӯҳрати даврони мо.Тоҷикистон машъали Машриқзамин гардидааст,Дар фурӯғаш менамояд, толеи пуршони мо.Боқӣ РаҳимзодаБоиси тазаккур аст, ки агар дар тӯли 70-соли ҳукумати шӯравӣ аз Тоҷикистон теъдоди хеле ками одамон ба ҳаҷ рафта бошанд, дар солҳои Истиқлолият шумораи онҳо қариб ба 70-80 ҳазор нафар расид.Агар сокинони Тоҷикистон дар тӯли 70-соли ҳукумати шӯравӣ ҳамагӣ 70 ҳазор мошини сабукрав дошта бошанд, дар тӯли бист соли Истиқлолият зиёда аз 700 ҳазор адад мошинҳои сабукрав вориди Тоҷикистон гардид. Сохтмони биноҳои боҳашамати давлатӣ, маъмурӣ, шахсӣ босуръат симои шаҳрҳоро дигар намуда, шаҳрҳои нав эъмор мешаванд.Ҳотам Рабиев Хабарнигори АМИТ «Ховар»

Сентябрь 2, 2011 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд