Вазорати молия маблағгузориро афзуд

Сентябрь 23, 2011 09:10

Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Яке аз омилҳои асосии дар мӯҳлати муайян захира намудани намудҳои сӯзишворӣ дар муассисаҳои соҳаи буҷетӣ ин саривақт аз ҷониби Вазорати молия ҷудо гардидани маблағҳо мебошад, ки дар ин самт нисбат ба солҳои гузашта пешравиҳо дида мешаванд.Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳолати 1 сентябри соли ҷорӣ аз рӯи хароҷоти пардохти маблағҳои истифодаи қувваи барқу гармӣ ва гази табиӣ ба ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ба соҳаи маориф — 4,7   млн. сомонӣ, тандурустӣ  1,3 млн. сомонӣ, фарҳанг  422 ҳазор сомонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  1 миллион сомонӣ ва идоракунии давлатӣ  2,7 млн. сомонӣ  маблағгузорӣ  намудааст. Дар ин давра барои хариди сӯзишворӣ ва маводи молидании соҳаҳои номбаршуда 9,4 млн. сомонӣ маблағ ҷудо шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2010  2,7 млн. сомонӣ ё 40 фоиз зиёд мебошад.

Сентябрь 23, 2011 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад