Вохӯрии Қ. Қосимов бо О. Гаврук

Сентябрь 29, 2011 17:23

Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 29 сентябр дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов бо Сафири Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Гаврук Олга доир гардид. Мақсади асосии вохӯрӣ аз боздиди эҳтиром ва густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи кишоварзӣ иборат буд. Дар оғози вохӯрӣ вазири кишоварзӣ Қ. Қосимов ҳамкориҳои дуҷонибаро бо мамлакати Беларус дар рушди соҳаи кишоварзӣ мусбат арзёбӣ намуд. Ёдовар мешавем, ки мамлакати моро бо Беларус робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ мепайванданд. Аз ҷумла, аз моҳи январ то моҳи августи соли 2011 мубодилаи молу маҳсулот 49,2 млн. долларро ташкил менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 57,7% зиёд гардидааст. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Беларус асосан нахи пахта, алюминий ва меваи хушк содир шудааст. Аз Беларус бошад ба мамлакати мо ғалла, қанд, резина ва каучук, метали сиёҳ, мебел, чӯб ва масолеҳи чӯбин, нақлиёт ва маҳсулоти ғайриорганикӣ ворид гардидааст. Байни вазорати кишоварзии ҶТ ва вазорати кишоварзии Беларус соли 2006 Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи комплекси агросаноатӣ ба имзо расида буд. Ҳамзамон ҳамкориҳо дар соҳаи чорводорӣ низ идома доранд, ки дар давраи соли 2010 ба ҷумҳуриамон 212 сар чорвои калони шохдори зотӣ ворид гардидааст. Дар раванди вохӯрӣ тарафҳо ба фаъолияти имрӯза ва ояндаи бахшҳои растнипарварӣ, чорводорӣ, ташкил намудани маркази хизматрасониҳои техникаҳои кишоварзии истеҳсоли Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳияи лоиҳаҳои инвеститсионии муштарак дар соҳаи кишоварзӣ барои ҷалби сармояи Беларус бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши кадрҳо таваҷҷӯҳи асосӣ зоҳир намуда, таклифу дархост пешниҳод намуданд.

Сентябрь 29, 2011 17:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид