Воридоти 180 млн. метри мукааб гази табиӣ ба ҷумҳурӣ
Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Фаъолияти мунтазами корхонаҳои азими ҷумҳурӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ, махсусан дар мавсими тирамоҳу зимистон аз таъминоти бонизоми гази табиӣ вобастагии калон дорад. Дар соли 2011 интиқоли газ ба ҷумҳурӣ дар асоси Шартномаи баимзорасида бо Ширкати “Узтрансгаз” мувофиқи ивазшавии нархи умумиҷаҳонии маҳсулоти нафтӣ амалӣ гардида истодааст. Дар асоси шартномаи мазкур дар соли 2011 воридоти 180 млн. метри мукааб гази табиӣ пешбинӣ шудааст. Дар 8 моҳи аввали соли равон нақшаи воридот ба 112 млн. метри мукааб баробар буда, аслан дар ин давраи соли ҷорӣ 123,1 млн. метри мукааб, яъне 11,1 млн. метри мукааб зиёдтар гази табиӣ ворид шудааст. Талафоти техникии он 7,4 млн. метри мукааб, 8,5 фоизро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (10,9 фоиз) 2,4 фоиз кам мебошад. Имрӯз ҳаҷми шартномавии гази табиии то охири сол ба ҷумҳурӣ воридмешуда 49 млн. метри мукааб боқӣ мемонад. Соли ҷорӣ аз буҷети давлатӣ барои гузаронидани корҳои барқарорсозии соҳа 2,1 млн. сомонӣ маблағ ҷудо гардида, то 1 –уми сентябр 1,9 млн. сомонӣ азхуд карда шудааст, аз ҷумла дар азнавсозии шоҳқубури “Қизил-Тумшуқ-Душанбе” ва “Қизилқалъа” дар ноҳияҳои Хуросон ва Рӯдакӣ бо дарозии 2 180 метр, шоҳқубур ба самти Истаравшан 900 метр ва ғайра. Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи “Кам кардани талафоти энергия”-и бахши газ ба ҷумҳурӣ 93 ҳазор дона ҳисобкунакҳои гази инфиродӣ ба маблағи 1,8 млн. доллари амрикоӣ, 150 дона ҳисобкунакҳои гурӯҳӣ ба маблағи 650 ҳазор доллари амрикоӣ ва 22 адад ҳисобкунакҳои ултрасадо ба маблағи 847 ҳазор доллари амрикоӣ ворид гашта, аз онҳо тибқи нақша 80 ҳазор адад ҳисобкунакҳои газии инфиродӣ ба маблағи 2,4 млн. доллари амрикоӣ насб гардидаанд.








КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид






