Ҳамкориҳо тавсеа меёбанд
Душанбе, 28 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Мардуми Кашмир бояд худ сарнавишт ва тақдири минбаъдаашро муайян намояд». Ин матлабро Амҷад Ҳусайн Б. Сиал, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҷамъомад дар Душанбе, ки ба Рӯзи Кашмир бахшида шуда буд, ироа кард. Дипломати покистонӣ доир ба муносибатҳои сиёсию иқтисодии кишвараш бо Ҳиндустон ибрози назар карда, афзуд, ки ду кишвари ҳамҷавор ҷиҳати рафъи мушкилоти муносибатҳояшон тавассути дастгоҳҳои дипломатӣ тадбирҳои судманд меандешанд. Сафари вазири корҳои хориҷии Покистон ба Ҳиндустон, ки чанде пеш ҷараён гирифт, маҳз ба адешидани тадбирҳои судманд ҷиҳати рафъи мушкилот равона гардида буд. Амҷад Ҳусайн Б. Сиал зимни суханрониаш ба тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон ишора намуда гуфт, ки муносибатҳои ду кишвар тӯли солҳои охир дар тамоми бахшҳо густариш ёфтаанд, ки ин аз рушди дурнамои ҳамкориҳои ҳарду давлат шаҳодат медиҳад. Хусусан сафарҳои сарони кишварҳо ва ҳайатҳои баландпояи Тоҷикистону Покистон ба кишварҳои ҳамдигар ба тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилаи самарабахши ду кишвар мусоидат намудаанд, афзуд дипломати покистонӣ.








Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд






