Ҳизбҳои сиёсӣ ва Конститутсия
Душанбе, 26 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд маҳфили мубоҳисавӣ бо иштироки намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва ВАО ба истиқболи Рӯзи Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.Дар нишаст намояндагони ҲХДТ, ҲНИТ, ҲСДТ иштирок намуда, доир ба нақши Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру андешаҳои худро баён доштанд.Бояд қайд кард, ки маҳфили ҳизбҳои сиёсӣ моҳе як маротиба дар мавзӯъҳои гуногуни сиёсию иҷтимоии ҷомеа доир мегардад.