Ҷаласаи 10-уми Шўрои сарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои узви ИДМ
Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонклуова).- 21 октябр дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Шўрои сарони мақомоти Хадамоти муҳоҷирати давлатҳои узви ИДМ баргузор мегардад, ки дар он намояндагони мақомоти муҳоҷирати Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Ӯзбекистон, Украина, инчунин Тоҷикистон ҷамъ меоянд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд, дар рўзномаи ҷаласа баррасӣ ва таҳлили зиёда аз 12 масъала доир ба ҳолати муҳоҷират дар давлатҳои иттиҳод ба нақша гирифта шудааст. Дар ҷаласаи роҳбарони Хадамоти мақомоти муҳоҷирати давлатҳои иштирокчии ИДМ баррасии масъалаҳо оид ба татбиқи қарорҳои Шўрои сарони давлатҳо, Шўрои сарони Ҳукуматҳо, Шўрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ дар самти муҳоҷират, татбиқи Барномаи ҳамкории давлатҳои иштирокчии ИДМ дар мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ барои солҳои 2009-2011, ҳамкорӣ бо Хадамоти муҳоҷирати давлатҳои иштирокчии ИДМ бо созмонҳои миллӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ, бо мақсади ҳимоя ва дастгирии шаҳрвандони давлатҳои иштирокчии ИДМ, ки дар давлатҳои Иттиҳод фаъолияти муваққатии меҳнатӣ мекунанд, дар назар аст.








Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд






