Ҷаласаи 58-уми Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви ИДМ
Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 18-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Санкт-Петербург таҳти раёсати нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ҷаласаи 58-уми Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад.Тавре аз котиботи нахуствазири кишвар иттилоъ доданд, дар ҷаласаи мазкур баррасии 30 лоиҳаи аснод дар назар аст, ки ба тақвияти ҳамкориҳои мутақобилаи кишварҳои узви иттиҳод дар бахшҳои гуногун, бахусус соҳаи иқтисод нигаронида шудааст. Аз ҷониби Русия лоиҳаи Шартнома дар бораи минтақаи савдои озод таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод мешавад.Ғайр аз ин, дар ҷаласаи шӯро баррасии лоиҳаи Барноми байниҳукуматии ҳамкории инноватсионии кишварҳои узви ИДМ дар давраи то соли 2020, лоиҳаи Консепсияи рушди стратегии нақлиёти роҳи оҳани кишварҳои узви ИДМ дар давраи то соли 2020, масъалаи Созишнома дар бораи усулҳои асосии сиёсат дар бахши танзими асъор ва назорати асъор дар кишварҳои узви иттиҳод ва Консепсияи сиёсати мувофиқашудаи иҷтимоӣ ва демографии кишварҳо ва ғайра дар назар аст.Айни замон Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати Тоҷикистон қарор дорад. Соли 2012 ин вазифа ба дӯши Туркманистон вогузор хоҳад гардид.








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






