Ҷангалҳои ҶТ барқарор карда мешаванд

Октябрь 19, 2011 15:57

Душанбе, 19  октябр. (АМИТ «Ховар», Назир  Назиров). – 17  октябр  дар  шаҳри  Душанбе  мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи  муҳити  зисти  назди Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Талбак  Салимов  бо  директори Барномаи  минтақавии  GIZ оид ба  истифодаи  самарабахши  захираҳои  табии Осиёи  Марказӣ  Рейнҳард Бодемейер баргузор  шуд.Дар  ҷараёни  сӯҳбат  масъалаҳои  фаъолияти  минбаъда  дар  чаҳорчӯбаи  Барномаи  минтақавӣ  ва  масоили  авлавиятдори  ҳамкорӣ,  беҳдошти  ислоҳоти бахши  ҷангалдории Тоҷикистон, ҳамчунин лоиҳаи  нав ҷиҳати  васеъ ва  барқарор  намудани ҷангалҳои  Тоҷикистон  мавриди  муҳокима  қарор  гирифтанд. Татбиқи ин лоиҳа  дар  ибтидои  соли  2012 оғоз  меёбад.Ҷонибҳо  аз рӯи  натиҷаи  мулоқот  аҳд  намуданд, ки  перомуни  масъалаҳои   беҳдошти  бахши  ҷангалдории Ҷумҳурии  Тоҷикистон  семинар  доир  намоянд.

Октябрь 19, 2011 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш