6 миллион сомонӣ барои фаъолияти соҳибкорӣ
Душанбе, 14 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар заминаи нишондодҳои Барномаи махсуси аз ҳисоби маблағҳои бозгаштшуда ва ба ин самт ҷудогардида ба 2 ҳазору 500 нафар шаҳрвандони бекор дар ҳаҷми беш аз 6 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ пардохт гардид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз ду миллион сомонӣ зиёд аст.Хусусан, аз ҷониби раёсат ва шӯъбаҳои Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 500 нафар, Суғду Хатлон беш аз 600 нафарӣ, ноҳияҳои тобеъи марказ наздики 600 ва шаҳри Душанбе ба 123 нафар шаҳрвандони бекор барои рушди соҳаҳои гуногуни соҳибкорӣ қарзҳои хурди имтиёзнок дода шудааст.Бояд зикр кард, ки самти фаъолияти соҳибкории шаҳрвандон дар ҷумҳурӣ асосан ба соҳаҳои истеҳсолот, тиҷорат ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ нигаронида шудааст. Дар мавриди дастгирии ташаббуси занону ҷавонон низ аҳамияти махусус зоҳир карда мешавад. Масалан, танҳо дар 9 моҳи соли равон ба зиёда аз 1000 нафар занон ва қариб 900 нафар ҷавонон қарзҳои хурди имтиёзнок дода шудааст.








Дар шаҳри Гулистон корхонаи таъмири трансформаторҳо ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Носири Хусрав тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шуд
«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд






