6 миллион сомонӣ барои фаъолияти соҳибкорӣ

Октябрь 14, 2011 10:27

Душанбе, 14 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар заминаи нишондодҳои Барномаи махсуси аз ҳисоби маблағҳои бозгаштшуда ва ба ин самт ҷудогардида ба 2 ҳазору 500 нафар шаҳрвандони бекор дар ҳаҷми беш аз 6 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ пардохт гардид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз ду миллион сомонӣ  зиёд аст.Хусусан, аз ҷониби раёсат ва шӯъбаҳои Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 500 нафар, Суғду Хатлон беш аз 600 нафарӣ, ноҳияҳои тобеъи марказ наздики 600 ва шаҳри Душанбе ба 123 нафар шаҳрвандони бекор барои рушди соҳаҳои гуногуни соҳибкорӣ қарзҳои хурди  имтиёзнок дода шудааст.Бояд зикр кард, ки самти фаъолияти соҳибкории шаҳрвандон дар ҷумҳурӣ асосан ба соҳаҳои истеҳсолот, тиҷорат ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ нигаронида шудааст. Дар мавриди  дастгирии ташаббуси занону ҷавонон низ аҳамияти махусус зоҳир карда мешавад. Масалан, танҳо дар 9 моҳи соли равон ба зиёда аз 1000 нафар занон ва қариб 900 нафар ҷавонон қарзҳои хурди имтиёзнок дода шудааст.

Октябрь 14, 2011 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад