Боксчидухтарони тоҷик қувва меозмоянд
Душанбе, 18 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Имрӯз дар маҷмааи варзишии Департаменти алоқаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ мусобиқоти кушод оид ба бокс шурӯъ гардид.Мусобиқот аз ҷониби Кумитаи давлатии ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ ва Федератсияи бокси ҷумҳурӣ созмон дода шуда, дар он ба ҷуз варзишгарони Тоҷикистон намояндагони Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Эрон ва Афғонистон низ иштирок доранд.Ба иттилои мураббии бокси Мактаби махсуси кӯдакону наврасони захираҳои олимпии №9 Абдурашид Мамадҷонов дар мусобиқот боксчиён аз тамоми манотиқи кишвар аз рӯйи 10 вазн қувваозмоӣ мекунанд. Ҳамчунин дар мусобиқот духтарони боксчӣ низ иштирок ва қувваозмоӣ мекунанд.








Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид






