Бунёди пули 6 – уми миёни Тоҷикистону Афғонистон оғоз ёфт

Октябрь 31, 2011 17:24

Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон барои оғози сохтмони пули навбатии мошингарди миёни Тоҷикистону Афғонистон ба ноҳияи Шуроободи вилояти Хатлон сафар кард.Хотиррасон бояд намуд, ки пули Шурообод баъди пулҳои Хорўғ, Ишкошим, қалъаи Хумб, Ванҷ ва Панҷи Поён пули 6 – уми мошингард дар болои рўди Панҷ миёни Тоҷикистону Афғонистон хоҳад буд.Барои иштирок дар оғози сохтмони ин пули азим, ки ба дарозии 182 метр дар паҳлўи километри 269 —  уми шоҳроҳи Кўлоб – Қалъаи Хумб бунёд хоҳад ёфт, ҳамроҳи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин ҷо, ҳамчунин пешвои исмоилиёни ҷаҳон Карим Оғохони 4  ташриф овард.Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон ва пешвои исмоилиёни ҷаҳон Карим Оғохони 4 бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба бунёди пули 6 – уми миёни Тоҷикистону Афғонистон оғоз бахшиданд.Тавре зикр гардид, пули нави 182 метра бо 500 метр роҳи нави аз шоҳроҳи мошингарди Кўлоб – Қалъаи Хумб то лаби рўди Панҷ бо харҷи беш аз 17 миллион сомонӣ бунёд хоҳад ёфт.Сипас Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи Оби Ниҳоли ноҳияи Шўрообод ташриф оварда, ба навсозии қитъаи 40 километраи Шўрообод — Шоҳони  шоҳроҳи байналмилалии Кўлоб -Қалъаи Хумб — Хорўғ — Кулма — сарҳади Чин оғоз бахшид. Тавре зикр гардид, қитъаи мазкури ин шоҳроҳ бо харҷи 93 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои муассисаҳои байналмилалии молиявӣ ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд мавриди навсозӣ қарор бигирад. Дар ин қитъаи роҳ, ҳамчунин 9 пул ба дарозии умумии 1064 метр бунёд меёбад. Бузургтарини онҳо пули Оби Ниҳол хоҳад буд, ки дарозиаш 264 метр аст. Дар зери 72 ҷойи роҳ, ҳамчунин қубурҳои калони обгузар хобонда мешаванд, ки барои ҳифзи он аз селу обхезӣ пешбинӣ шудаанд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки роҳ бояд бо сифати баланд ва мутобиқ ба стандартҳои баланди ҷаҳонӣ дар муҳлати муайяншуда, навсозӣ шуда, мавриди баҳрабардории мардум қарор бигирад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Октябрь 31, 2011 17:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид