Чопи «Садои Осиё» дар Теҳрон
Душанбе, 14 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Нахустин бор дар Эрон маҷмӯаи ашъори шоири бузурги тоҷик, вассофи сулҳу дӯстӣ- Мирзо Турсунзода таҳти унвони «Садои Осиё» нашр гардид. Чопи китоби мазкур ба ифтихори 100-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, муборизи матини роҳи сулҳу озодӣ ва тарғибгари дӯстиву рафоқат Мирзо Турсунзода эҳдо гардидааст.Китобро нашриёти «Рӯзгор» бо теъдоди 1000 нусха ба табъ расонидааст.Мирзо Муллоаҳмадов, донишманди тоҷик зери унвони «Вассофи озодии Шарқ» ба маҷмӯа сарсухан навиштааст. Олими тоҷик дар маҷмӯа шарҳи ҳоли шоири тавоноро ҷой намуда, мавзӯъҳои муҳими ашъори адиби тавоноро ба риштаи таҳлил кашидааст. Шоҳмансури Шоҳмирзо, пажӯҳишгари тоҷик аз Теҳрон ба АМИТ «Ховар» итилоъ дод, ки дар маҷмӯа шеъру манзумаҳои беҳтарини Мирзо Турсунзода, аз қабили «Ватан», «Замин», «Бахти ҷовидон», «Хандида меояд», «Модарам», «Рӯди ман», «Ситораи ман» ва ғайра, ки миёни мардум маҳбубияти хосса доранд, гирд оварда шудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






