Чорабинии Хадамоти муҳоҷират дар саристгоҳи Қазони Маскав
Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова). – Чанде пеш кормандони Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар саристгоҳи Қазон сафари хизматӣ анҷом доданд.Якҷоя бо намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва намояндаи роҳи оҳани Тоҷикистон вазъи аз назорати бехатарӣ гузаштани шаҳрвандони ҷумҳуриамон дар қатораи мусофирбаре, ки ба самти Кӯлоб ҳаракат мекард, тафтиш карда шуд. Маълум гардид, ки қаблан, дар охири моҳи сентябр, бар асари номуташаккилӣ ва беинтизомии гурӯҳи мусофирон дар ин ҷо ҳодисаҳои якдигарро тела додани одамон ва бидуни навбат ба вагонҳои қатора дохил шудани онҳо рух додааст. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маҷбур буданд, ки ҷиҳати барқарор намудани оромию бехатарии саристгоҳ чораҳои зарурӣ бинанд. Мутаассифона, чунин ҳодисаҳо боиси бесару сомонӣ дар саристгоҳи қатораҳо мегардад. Бо дарназардошти ин ҷониби Тоҷикистон бо шаҳрвандон сӯҳбатҳои дахлдор анҷом дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар дафтари матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия иттилоъ доданд.








Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






