Дар Бадахшон сайёҳӣ бояд рушд ёбад

Октябрь 14, 2011 10:28

Хоруғ, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Ҳарчанде Бадахшон минтақаи  дорои  имкониятҳои зиёд ва  захоири  бои  сайёҳии   ҷумҳурист,  аммо  то  ҳол  имконияти  соҳа  пурра  истифода нашудааст,  гуфт  зимни  сӯҳбат  корманди корхонаи  воҳиди  давлатии  туризм  Шагарф  Муллоабдолов. Имрӯзҳо  дар  вилоят  12  ташкилоти  туристӣ арзи ҳастӣ   доранду  аммо  ҳар  яки  онҳо дар  алоҳидагӣ  фаъолият мекунанд. Натиҷаи  чунин  тарзи  кор  аст, ки дар  вилоят  фаъолияти  ягон тои  онҳо ба  талабот  ҷавобгӯ  нест.  Оиди  рафтуои  сайёҳон  дар  вилоят  ягон  ҳисобу  китоби  аниқе  вуҷуд  надорад. Аз  сайру  саёҳати  туристон  ба  буҷаи   вилоят  даромади  ночизе  ворид  мегардад,  зеро 95 дар сади  сайёҳон инфиродианд, яъне  худашон  худро таъмин  мекунанд ба  имдоди  касе  мӯҳтоҷ  нестанд. Ин  гурӯҳи  сайёҳон дар  сафоратхонаҳои  хориҷии кишвар  иҷозатномаҳоро  гирифта,  вориди  Тоҷикистон  мешаванд.

Октябрь 14, 2011 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид